Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Миср барои як моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ карда шуд. Мақомот ба артиш амр карданд, ки дар таъмини тартибот ба полис кӯмак намояд.

Бар пояи хабарҳои ахир, теъдоди қурбониёни бархӯрдҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира ба 95 нафар расид. Садҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Миёни қурбониён эътирозгарону кормандони полис ва ҳамчунин наворбардори шабаки телевизиониии Sky News Мик Дин ва духтари як аз раҳбарони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” Усмо ал-Белтагӣ ҳам ҳастанд. Худи Муҳаммад ал-Белтагӣ мавриди кофтукоб қарор дорад.

Айни ҳол амалиёти берунсозии ҷонибдорони Мурсӣ аз майдонҳои Робиаи Адавия ва Ан-Наҳзаи Қоҳира идома дорад. Кормандони полис баъди он сӯи эътирозгарон оташ кушоданд, ки аз онҳо силоҳу тир мусодира карданд. Бархӯрдҳо дар дигар шаҳрҳои Миср ҳам сурат гирифтанд. Дар Суэтс дар задухӯрдҳо дасти кам 5 кас ҷон бохтанд.

Қаблан ҳукумати Миср аз ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ талаб карда буд, ки ба эътирозҳо поён диҳанд ва урдугоҳҳои эҷодшуда дар майдони Робиаи Адавияро тарк кунанд.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Миср баъди он шурӯъ шуд, ки артиш рӯзи 30-юми июн баъд аз эътирозҳои густурдаи мардумӣ Муҳаммад Мурсиро аз мақоми раисиҷумҳур барканор кард.
XS
SM
MD
LG