Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбуоти Русия дар ҳақи муҳоҷирон носазо мегӯяд


Дар матбуоти Русия дашному носазо гуфтан дар ҳаққи ин муҳоҷирон кори оддӣ шудааст.

Дар матбуоти Русия дашному носазо гуфтан дар ҳаққи ин муҳоҷирон кори оддӣ шудааст.

Агарчӣ дар матбуоти Русия дашному бадгӯӣ дар ҳаққи муҳоҷирони корӣ ҳамеша вуҷуд дошт, аммо рӯзҳои ахир ин кор ба ҳадде расидааст, ки аз хондани мақола ва бахусус шарҳҳои онҳо инсонро ваҳшат фаро мегирад. Дар ин рӯзномаҳо ҳар носазое, ки ҳаст дар ҳаққи муҳоҷирони кориву мардумии бумии Қафқоз гуфтаанд ва рӯзномаҳои Русия ҳам онҳоро нашр кардаанд. Аз ҷумла дар поварақи яке аз гузоришҳо дар бораи амалиёти мақомоти интизомӣ алайҳи муҳоҷирони корӣ чунин навиштаро аз номи корбаре бо номи Ирина мехонем: «Бояд тамоми марзҳои Русияро баст, низоми раводид ба роҳ андохт ва ба поксозии кишвар аз касофати омада машғул шуд. Аз кишвари мо партобгоҳи воқеъии тӯдаи пастфитрату ҷинояткор сохтаанд.»

Георгий, корбари дигаре аз Ирина кам наомадааст, ки мегӯяд:"Маҳз ба хотири муҳоҷирон моро аз кор ронда ва ба ҷойи мо, гӯсфандҳои бесаводро меоранд. Тамоми корҳоеро, эминии инсон ба он вобаста аст, ба ҳамин харон додаанд, ки ба мисли ронандаи автобусу таксиву мусофирбарҳои хурд, аз ин рӯ даҳҳову садҳо нафар аз дасти онҳо мемиранд. Агар мо ҳамин ҳоло талаб накунем, ки ин ӯрдуи бесаводу, ҷинояткорони эҳтимолиро ихроҷ накунанд, мо кишвари худро нобуд мекунем.»

Роҷеъ ба гузорише дар бораи бунёди урдӯгоҳи махсус барои муҳоҷирон дар Голяновои Маскав, Олга корбари дигаре навиштааст, бо вуҷуди овардани муҳоҷирон ба ин урдӯгоҳ, «теъдоди онҳо ҳеҷ кам намешавад, ба онҷо набояд, 1000 нафар, балки 10 ҳазор нафар биёранд ва он морхонаро маҳкам кунанд, ё болояшон бетон резанд.»

Ҳамақидаҳои Олга зиёданд ва яке аз онҳо Кол аст, ки чунин менависад: «Кӣ онҳоро ба инҷо даъват кард? Агар ҷойи кор надоранд, кишвари худашонро ба тартиб биёранд. Умуман бояд барои онҳо на аз хаймаҳо урдӯгоҳ, балки конслагери воқеъӣ бунёд кард.» Аз ин навъ шарҳҳо ҳам дар «Комсомолская Правда» мехонед, ҳам дар «Московский Комсолетс», дар «Известия» ва дар рӯзномаҳои маҳалливу шабакаҳои дигари пурбинандаи Русия. Бо вуҷуди онки барангехтани адовати мазҳабиву қавмӣ дар Русия мамнӯъ аст, аммо рӯзномаҳо ба минбаре озоде барои ин кор табдил шудаанд. Бо ин гуна мазмун ба садҳо навишта рӯ ба рӯ мешавед, ба мисли шарҳе аз номи корбаре бо номи fgb: “Аз қафқозиҳову осиёиҳо ҳеҷ чиз нахаред, аз хидматашон истифода накунед, ба кор нагиред, ҳеҷ гоҳ кӯмакашон накунед. Ояндаи кишваре, ки бачаҳову набераҳои мо зиндагӣ хоҳанд кард, ба ҳар яки мо вобаста аст. Муттаҳид шавед, мусаллаҳ шавед, дар байни ошнову хешовандонатон тарғибот баред. Бо харидани чизе, аз қафқозиҳо ва осиёиҳо, бо истифода аз хидматашон шумо ба онҳо дар пур шудани ҷайбҳояшон кӯмак мекунед. Зиндагии ояндаи фарзанду набераҳоятонро тира мекунед. Ин ваҳшиҳо бо мазҳабу менталитети бегона ва шеваи зиндагии дигар, моро мекушанд, ғорат мекунанд ва заминҳоямонро ғасб мекунанд.«

Дар ин миёни қафқозиҳо низ ба қавле бенасиб намондаанд ва дашному тавҳин нисбати онҳо низ зиёд ба чашм мехӯрад, аз ҷумла корбаре бо номи Кост менависад: «Қафоқозоидҳоро намерасанд. Ба вйетанимаҳо ва мардуми Осиёи Марказӣ часпидаанд. Ин кори бемаънӣ аст. Намегузоранд: ки ба «чичей» (чеченҳо) ва «дагов» (доғистониҳо) даст расонанд, ҳарчанд тамоми бадӣ аз онҳост.» Дар идомаи ин сӯҳбат корбари дигаре бо номи Читател менависад: «ба дагҳо фишор оварда наметавонанд, зеро онҳо мисли дигар осиёиҳои чашмтанг, шаҳрвандони Русия ҳастанд." Русский мегӯяд, бояд тамоми қафқозиҳоро аз кишвараш ронанд, зеро онҳо фақат мушкил меофаранд.

Як корбари дигар ва дар рӯзномаи мӯътабаре пешниҳод кардааст, ки «ҳамаи сарҳадҳои Русияро ба рӯи тоҷикону узбекону, озариҳову қирғизҳо ва касофатҳои дигар бубанданд ва танҳо ба рӯи украинҳову белорусҳо боз гузоранд, зеро онҳо бародарони русҳо ҳастанд. Аммо дар ин миён аҳёнан шарҳҳое дида мешавад, ки ба дашному таҳқир нисбат ба муҳоҷирону қафқозиҳоро беинсофӣ мешуморанд, аз ҷумла Долой Литсемерие дар шарҳе дар рӯзномаи Известия навиштааст, «Фақат муҳоҷиронро барои омаданашон ба Русия гунаҳкор накунед. Ба онҳо иҷоза додаанд ва онҳо меоянд. Агар ҳоло Аврупо марзҳояшро ба рӯи Русия боз кунад, русҳову осиёиҳо ҳама ба онҷо медаванд. Агар касе кор наёфт, аз ҳисоби онҳое, ки ҷойи кор доранд, зиндагӣ мекунанд. Теъдоде ба унсурҳои ҷиноӣ табдил мешаванд ва мардуми маҳаллӣ ба онҳо нафрат пайдо мекунад. Фикр накунед, ки русҳо мардуме бо ахлоқи ҳамида ҳастанд. Кофӣ буд, ки Горбачёв бозсозӣ кунад, ҳама ба дуздӣ шурӯъ карданд ва ҳисоби бадбахтии дигарон сарватманд шуданд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG