Пайвандҳои дастрасӣ

Президентҳои Русия ва Озарбойҷон дар Боку аз ҳамкориҳои баробар бо 1 ва 4 миллиард доллар суҳбат карданд, аммо ин арқом дар сатҳи ваъдаҳо боқӣ монд.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамтои озари ӯ Илҳом Алиев дар Боку ба тавофуқ расиданд, ки то соли 2015 роҷеъ ба масъалаҳои амният ва умури изтирорӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

То ҳол Озарбойҷон дар бахши низомӣ ба таҷҳизоту техникаи низомии Русия ниёз дорад ва ахиран Русия ба ин кишвар ба арзиши як миллиард доллар кӯмаки низомии худро пешниҳод кард. Илҳом Алиев мегӯяд, ки ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ метавонад то ба 4 миллиард доллар бирасад ва вай дар ин замина бештар ба таъмину таҷҳизи нируҳои дарёии худ дар Баҳри Каспий ишора кард.

РУСИЯ ЧӢ МЕХОҲАД?

Дар остонаи боздиди Путин дар баъзе гузоришҳои матбуотӣ ёдоварӣ шуд, ки Русия дар ивази ин сармоягузориҳо мехоҳад, дар чоҳи гази Апшерон ё Обшорони Дарёи Хазар ё Баҳри Каспий соҳиби саҳмия шавад. Вале баъд аз хатми боздид дар ҷое ишора нашудааст, ки оё Озарбойҷон ба ин дархости Русия ризоят додааст ё хайр. Путин баъд аз мулоқот бо Илҳом Алиев дар нишасти хабарӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои энержӣ ҳарфе ба забон наовард, вале таъкид кард, ки Русия Дарёи Хазарро мехоҳад, як минтақаи сулҳ ва ҳамкорӣ бубинад.



Вале Зардушт Ализода-таҳлилгари умури сиёсии Озарбойҷон дар Боку ба Радиои Озодӣ гуфт, боздиди Владимир Путин бештар ташрифотӣ буд, на корӣ: “Путин бо ин боздид хост садоқати худро ба Илҳом Алиев нишон диҳад ва ба мардум паём фиристад, ки ҳукумати Русия аз номзадии Илҳом Алиев ҷонибдорӣ мекунад. Барои ҳамин санадҳои ҳамкорие, ки миёни ду кишвар имзо шуданд, чандон аҳамият надоранд. Яке аз бузургтарин қарордодҳои имзошудаи миёни SOCAR -и Озарбойҷон ва Роснефти Русия аз ҷумлаи онҳост. Дар ин қарордод гуфта мешавад, ки ин ду ширкат дар корҳои ҷустуҷӯи манобеи нафту газ дар Озарбойҷон ва истихроҷи он ҳамкорӣ мекунанд. Инҳо ҳамааш гапҳои хушку холист ва мисли протоколи ҳусни тафоҳум мебошад, барои он ки кишварҳои ғарбӣ тарафҳои ҳамкори Роснефт ва ҳам SOCAR мебошанд ва таҷҳизотро аз Ғарб мегиранд”.

Зардушт Ализода мегӯяд, ки Русия мехоҳад аз роҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ нуфузи сиёсии худро ба Озарбойҷон таҳмил кунад. Вале Озарбойҷон аз лиҳози иқтисодӣ пойбанди Русия нест ва ҳамкориҳои кунунии иқтисодии ин ду кишвар наметавонад бадтар аз ин бошад.

Дар ин боздид Путин бо худ Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷӣ, Сергей Шойгу-вазири дифоъ ва Александр Новак-вазири энержиро гирифта буд. Дар остонаи ин боздид матбуоти ҳар ду кишвар роҷеъ ба аҳамияти сафари Путин матолиби пурсару садо ба нашр расонданд. Вале баъд аз хатми боздид ҳеҷ як аз ҷонибҳо дар бораи санадҳои имзошуда ҳарфе ба забон наоварданд.

ВАЪДАҲОИ ШАБЕҲ БА ТОҶИКИСТОН

Русия боз ҳам аз ҳамон сенариёи маъмулии худ, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Шӯравии пешин кор мегирад, истифода кард ва ҷонибҳо эълон намуданд, ки баъд аз шаш моҳ ҷузъиёти санадҳои имзошударо ошкор хоҳанд кард. Албатта, дар ин шаш моҳ интихоботи моҳи октябри раёсати ҷумҳурӣ паси сар хоҳад шуд.

Дар марҳилаҳои барои худ зарурӣ Русия бо Тоҷикистону Қирғизистон низ аз чунин равиш истифода кардааст. Дар ин замина фақат ду нукта роҷеъ ба Тоҷикистон қобили ёдоварист: Русия барои баргардониадани Маркази назорати кайҳонии “Окно”-и Норак дар моҳи октябри соли 2004 ба Тоҷикистон қавл дод, ки дар иқтисоди ин кишвар 2 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад.

Дар Қирғизистон низ ба хотири мустақар кардани пойгоҳи низомии худ қавл дод, ки барои сохтмони ниругоҳҳои барқи обии ин кишвар 2 миллиард доллар хоҳад дод. Вале ин сармояҳо ба Тоҷикистон ва ба Қирғизистон ворид нашуд, балки бо ин ду кишвар қарордодҳои дигари Русия ба имзо расид. Қарордод дар бораи тамдиди мӯҳлати истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз ҷумла он аст. Вале ин бор Тоҷикистон бо назардошти сабақҳои пешин тасвиби онро бо “протокол”-ҳои дигари “ҳусни тафоҳум бо Русия” вобаста медонад.

Дар робита бо Озарбойҷон низ аз касе пӯшида нест, ки дар масъалаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ, ки барои Озарбойҷон масъалаи хеле доғи сиёсиву миллист, Русия аз мавзеъгирии Арманистон дифоъ кунад.

Бо назардошти ин, ҷаноби Ализода мегӯяд, баъид ба назар мерасад, Озарбойҷон ва Русия бо якдигар самимона ҳамкорӣ кунанд ва ё ба якдигар қарордодҳои судманд пешниҳод намоянд. Вале Русия аз муддатҳо пеш мехоҳад нуфузи худро дар ин ҷумҳурии Қафқоз тақвият диҳад ва ба баҳонаи ҳамкорӣ ба манобеи энержӣ роҳ ёбад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки баъд аз ба истилоҳ “ҷангҳои газ”-и миёни Маскаву Киев дар солҳои 2006 ва 2009 дар интиқоли гази Русия ба Аврупо халал ворид шуда буд ва Аврупо мехоҳад, ки камтар пойбанди гази Русия бошад ва ҳамкориашро дар ин замина бо Озрбойҷон тавсеа бахшад.
XS
SM
MD
LG