Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон: 436 ҷинояти харидуфурӯши одамон дар 7 моҳ


Давоми ҳафт моҳи соли 2013 дар Тоҷикистон 436 ҷинояти харидуфурӯши одамон ошкор шудааст. Имрӯз 14-уми август зимни як ҷаласа дар шаҳри Душанбе дар ин бора гуфта шуд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон 22 кирдори ҷиноятӣ ҳамчун ҷиноятҳо дар самти харидуфуруши одамон муқарар шудааст ва чунин ҷиноятҳо аз рӯи он ҳисоб карда мешавад. Аз ҷумла 7 ҷинояти одамрабоӣ, 6 ҷинояти ғайриқонуни маҳрум кардан аз озодӣ, таҷовуз ба номус 31, ҳаракати зуроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ 30 ҷиноят, алоқаи ҷинсӣ ба шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст 62 ҷиноят, харидуфурӯши ноболиғон 6 ҷиноят, ба фоҳишагӣ ҷалб намудан 1, ташкил ва нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ 129, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳад 188, сохтакорӣ ба хотири харидуфурӯши одамон 2 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Абдусаттор Раҷабов, мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи президенти Тоҷикистон гуфтасст, бовуҷуди ин «қисме аз чунин ҷиноятҳо тасдиқи комили худро талаб менмоянд».
XS
SM
MD
LG