Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул хабари рабуда шудани вакилро тайид кард


Ҷустуҷӯи Фиребо Аҳмадӣ Кокар идома дорад

Ҷустуҷӯи Фиребо Аҳмадӣ Кокар идома дорад

Мақомоти Афғонистон хабари рабуда шудани як узви парлумони кишварро тайид карданд. Масъулини полис рӯзи чаҳоршанбе хабар доданд, ки Фиребо Аҳмадӣ Кокарро ҳамроҳ бо се кӯдакаш чанд рӯз пеш ҳангоми сафарашон ба вилояти марказии Ғазнӣ рабуда буданд.

Ба гуфтаи муовини волии Ғазнӣ Муҳаммад Алӣ Аҳмадӣ,нерӯҳои амниятӣ дар як амалиёт рӯзи душанбе кӯдаконро озод карданд ва аммо раҳоии хонум Кокар муяссар нашуд, зеро ӯ дар дигар мавзеъ нигаҳ дошта мешавад ва алҳол ҷустуҷӯяш идома дорад.

Ба иттилои полиси маҳаллӣ, одамрабоён дар ивази раҳоии вакили парлумон талаб кардаанд, ки чаҳор толиби зиндонӣ аз маҳбас озод карда шаванд. Сухангӯи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки дар бораи ин одамрабоӣ иттилоъ надорад.

Қаблан дар бораи нопадид шудани Фиребо Аҳмадӣ Кокар иттилои зидуннақиз нашр мешуд. Ҳамсари ӯ гуфт, ки хонум Фиребо дар Туркия аз сӯи афроди ношинос рабуда шудааст. Дигар пайвандонаш мегуфтанд, ки ӯ мариз ва дар бемористон аст.
XS
SM
MD
LG