Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар хиёбонҳои Душанбе аввалин дурбинҳои назоратӣ насб шуданд ва ҳаракати нақлиёт ва раҳгузарон сабт мекунанд.

Насби видеодурбинҳо дар ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби тарҳе бо номи «Шаҳри бехатар» сурат гирифта, ҳадаф аз он бунёди як шабакаи автоматии назорат бар ҳаракати нақлиёт аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслии ин тарҳ, ки барои иҷрои он 22 миллион доллар сарф шудааст, таъмини амнияти сокинон ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тавассути ронадагон аст. Маблағи мазкур қарзи давлатӣ буда, Чин онро барои ширкати «Ҳуавей технолоҷӣ» додааст ва қарор аст, ин ширкат дар Душанбе 855 адад камера ё дурбини назоратӣ насб кунад. Тасвир ва иттилоъ ба воситаи ин дурбинҳо ба идораи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ворид хоҳад гашт. Интизор меравад, бо насби дурбинҳо шумораи кормандони полиси роҳ дар хиёбонҳо бамаротиб коҳиш ёбад.

Дар ҳоли натиҷаҳои мусбати ин таҷриба чунин дурбинҳо дар роҳҳои байнишаҳрӣ ва шаҳру шаҳракҳои дигари кишвар низ насб хоҳанд шуд. Ин иқдом дар ҳоле гирифта мешавад, ки нигаронӣ аз вуқӯи садамаҳои нақлиётӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистон бештар шудааст.

Бино бар омори расмӣ танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 234 садама рӯй дода, дар натиҷа 72 нафар кушта ва 250 тан захмӣ гаштаанд.

Ронандагон дар кӯчаҳои Душанбе ба сурати умум аз оғози кори дурбинҳои назоратӣ истиқбол карданд ва мегӯянд, бовар доранд, ки онҳо ба таҳкими интизом дар роҳҳо мусоадат хоҳанд кард. Назари Шумо ба ин масъала чист?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG