Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бандари шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар киштии зериобии «Синдуракшак», ки дар Русия сохта шудааст, таркиш ва сӯхтор ба амал омад. Киштӣ ғарқ шуд ва ба навиштаи хабаргузориҳо, фақат як қисми он намудор аст.

Бештари маллоҳон мустақилона киштиро тарк намудаанд, аммо дар дохили «Синдуракшак» 18 тани дигар боқӣ мондаанд ва сарнавишти онҳо маълум нест. Амалиёти наҷотбахшӣ идома дорад. Чанд тан аз осебдидагон ба бемористон интиқол ёфтаанд. Дар бораи сабабҳои рӯй додани таркиш алҳол иттилое зери даст нест.

«Синдуракшак», ки соли 1997 дар корхонаи киштисозии Санкт-Петербург сохта шудааст, чанде қабл баъд аз тафтиши навбатии фаннӣ дар Русия ба Ҳиндустон баргашта буд.
XS
SM
MD
LG