Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дӯстони Ҷавҳар Тсарнаев гуноҳашонро эътироф накарданд


Ҷавҳар Тсарнаев бо дӯстони қазоқаш

Ҷавҳар Тсарнаев бо дӯстони қазоқаш

Ду донишҷӯи қазоқ – Диаз Қодирбоев ва Азамат Тажаяков, ки дар эҷоди монеъа зимни тафтиши парвандаи таркишҳо дар дави марфонии Бостон айбдор мешаванд, аз эътирофи гуноҳи худ сарпечӣ карданд.

Донишҷӯёни қазоқ бо Ҷавҳар Тсарнаев, гумонбари ташкили ҳамлаи террористӣ дар Бостон, дӯстӣ доштанд. Додситонӣ Қодирбоев ва Тажаяковро дар он муттаҳам мекунад, ки гӯё онҳо далелҳои мӯътамади даст доштани Тсарнаев дар ҳамлаи террористиро пинҳон карданӣ буданд. Муфаттишон мегӯянд, донишҷӯёни қазоқ, аз ҷумла, ноутбук ва маводи таркандаеро, ки амсоли он дар ҷойи таркишҳо пайдо шудааст, аз хобгоҳ берун андохтанд.

Вакилони мудофеъ ба бегуноҳии Диаз Қодирбоев ва Азамат Тажаяков исрор мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо ба ин амал бар асари сӯитафоҳум даст задаанд.

Амир Исмагулов, падари Азамат Тажаяков дар толори додгоҳ ҳузур дошт ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба қарори одилонаи додгоҳ изҳори умедворӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, писарашро ба он хотир ба ИМА фиристода буд, ки дониш омӯзад ва тиҷорати хонаводагиро идома диҳад. Амир Исмагулов дар Қазоқистон ба тиҷорати нафт машғул аст.

Гуфта мешавад, ки ба донишҷӯёни қазоқ то 25-солии маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Бар асари таркишҳо дар дави марафонии шаҳри Бостон дар рӯзи 15 апрел, ки дар ташкили онҳо бародарон Ҷавҳар ва Темирлан Тсарнаевҳо муттаҳам мешаванд, 3 нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG