Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани даҳҳо тан дар ҳамла ба ҳомиёни Мурсӣ


Бар асари ҳамлаи нерӯҳои амниятии Миср ба мақари таҷаммӯи ҳомиёни раиси барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ, даҳҳо тан кушта шудаанд.

Дар ҳоле, ки "Ихвонулмуслимин" шумораи кушташудагонро 250 нафар эълом кардааст, мақомоти расмии Миср мегӯянд, ки танҳо панҷ нафар дар ин ҳамлаҳо ҷон бохтаанд

Субҳи имрӯз, чаҳоршанбеи 14-уми август нерӯҳои амниятии Миср ба пароканда намудани ҷонибдорони президенти барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ аз майдонҳои Робиаи Адавия ва Ан-Наҳзаи Қоҳира оғоз кардаанд.

Хабарнигори "Алҷазира" аз майдони Робиаи Адавия гузориш додааст, ки амалиёти нерӯҳои амниятӣ алайҳи ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ ба таври ногаҳонӣ оғоз шуда ва ҳамакнун тирпаронӣ идома дорад. Манобеи бемористони майдонӣ дар Робияи Адавия гуфтаанд, ки то кунун садҳо нафарро ба ин бемористон овардаанд.

Давлати Миср рӯзҳои гузашта таҳдид карда буд, ки тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ бояд урдугоҳҳои эҷодшуда дар майдони Робиаи Адавияро тарк кунанд ва ба эътирози худ поён диҳанд.

Буҳрони сиёсӣ дар Миср баъди он шурӯъ шуд ва ба хунрезӣ печид, ки артиши Миср рӯзи 30-юми июн Муҳаммад Мурсиро аз мақомаш барканор кард.

Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ барканории ӯро аз қудрат «кудато» медонанд, дар ҳоле, ки мухолифонаш ин иқдомро «инқилоби дувум» мехонанд.

«Эътилофи миллии ҳимоят аз машруият», ки гуруҳи "Ихвонулмуслимин", ҳизбе, ки Муҳаммад Мурсӣ узви он аст, дар раъси он қарор дорад, беш аз як моҳ ба ин тараф ба эътирозоти майдонии худ идома медиҳанд ва таъкид мекунанд, то замони бозгашти ӯ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, ба эътирозҳои худ идома медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG