Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳадди аққали маош 250 ва нафақа 130 сомонӣ муқарар шуд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо як фармони худ шурӯъ аз 1 сентбяр маоши кормандони буҷавӣ, идрорпулии донишҷӯён ва нафақаи пиронсолонро баланд бардошт.

Дар фармони президент аз ҷумла омадааст, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ҳамчунин маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар ин замина маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг 20 фоиз зиёд карда шуд.

Маоши кормандони додситонӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуда, андозаи маоши заминавии хизматчиёни давлатӣ дар ҳаҷми аз 405 то 450 сомонӣ баланд бардошта шуд. Маоши хизматчиёни ҳарбӣ аз 15 то 35 фоиз зиёд карда мешавад.
Зимни ин фармони президент идрорпулии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Президент ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну солро 25 фоиз зиёд карда, андозаи онро 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар кардааст. Вале ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну солро ба андозаи 624 сомонӣ дар як моҳ муқаррар намуд.
XS
SM
MD
LG