Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони Мурсиро барканор карданд


Ҳукумати нави Миср дар камаш 18 вилояти ин кишвар волии нав таъин кард. Ҳамин тариқ афроде, ки аз тарафи президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ ба ин вазифаҳо пешбарӣ шуда буданд, аз мансаб сабукдӯш шуданд.

Ҳамин тариқ ба ҷои мақомдорони ҷунбиши Ихвонулмуслимин ё худ Бародарони мусулмон аксаран генералҳои мустаъфӣ соҳиби курсии волии вилоят гардидаанд.

Рӯзи душанбе дар Қоҳира полис бо истифода аз гази ашковар гурӯҳҳои тарафдор аз президенти барканоршуда ва ҳаводорони ҳукумати нави Мисрро аз ҳам ҷудо кард.

Низомиёни Миср дар таърихи 3-уми июл Муҳаммад Мурсиро аз курсии раёсатҷумҳурӣ канор кашиданд.

Аз замон ба ин тараф ҳаводорони Мурсӣ дар яке аз майдонҳои Қоҳира гирдиҳамоӣ ташкил намуда, талаб доранд, ки ӯ дар вазифааш барқарор гардад.

Дар ин муддат дар бархӯрдҳо беш аз 250 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG