Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди музокироти мустақими ИМА ва Эрон


Пажӯҳишгоҳи байналмилалӣ аз Вашингтон даъват кардааст, ки бо Теҳрон дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон музокироти маҳрамона раҳандозӣ намояд.

Рӯзи сешанбе Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо, ки марказаш дар Брусел аст, гуфт, музокироти мустақим ва боэътимоди миёни ду кишвар дар муқоиса бо чорчӯби кунунии гуфтушунид имкони гузаштҳои ҳар ду тарафро бештар мекунад.

Феълан Эрон бо панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ҷамъи Олмон сари мизи музокирот мешинад. Ҳамчунон муаллифони гузориш мегӯянд, баҳри муваффақияти музокирот ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд таҳрими Эронро тавсеа бахшад ва ё интизор дошта бошад, ки президенти тозаинтихобшудаи Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба гузаштҳои бузург ҳозир хоҳад буд.

Яке аз муаллифони гузориш-Алӣ Воиз, иброз доштааст, ки агар Вашингтону Теҳрон ба созише расанд, зоҳиран Британия, Чин, Фаронса, Олмон ва Русияро онро мепазиранд.

То ҳол чанд даври музокироти барномаи ҳастаии Теҳрон миёни Эрону шаш кишвари саноатии олам доир шудааст, вале натиҷаи он назаррас набудааст.
XS
SM
MD
LG