Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Музокироти сулҳи Ховари Миёна оғоз меёбад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мегӯяд, ӯ бовар дорад, ки рӯзи чоршанбе тибқи нақша музокироти сулҳи Исроилу фаластиниҳо аз сар гирифта мешаванд.

Рӯзи сешанбе дар Бразилия Керрӣ гуфт, раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос ба идомаи раванди сулҳ содиқ аст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Исроил тасмим гирифтаанд, татбиқи барномаи бунёди тахминан 900 манзили зист дар минтақаҳои мавриди баҳси шарқи Байтулмуқаддасро оғоз намоянд.

Бар иловаи он рӯзи якшанбе эълон шуда буд, ки Исроил дар соҳили ғарбии рӯди Урдун ва шарқи Байтулмуқаддас 1200 манзили дигар хоҳад сохт.

ИМА бунёди ин маҳаллаҳои яҳудиро амали ғайришаръӣ номидааст.
XS
SM
MD
LG