Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси мухолифини озарӣ тамдид ёфт.


Додгоҳи Боку мӯҳлати боздошти пешакии Тавфиқ Ёқублу,муовини раҳбари ҳизби Мусовоти мухолифи ҳукумати Озарбойҷонро, тамдид намуд.

Вакили Ёқублу ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи сешанбе дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста мӯҳдати боздошти номбурда барои тахминан чор моҳи дигар тамдид ёфт.

Ёқублу ва раҳбари ҷунбиши ҷумҳуриявии алтернативӣ (REAL) Илқор Мамедов дар моҳи феврал бо иттиҳоми ташкили хушунат дар шаҳри Исмоилӣ, воқеъ дар шимолу ғарби шаҳри Боку боздошт шуда буданд.

23-уми январи соли равон ҳазорҳо сокини Исмоилӣ бо тақозои истеъфои раиси маҳаллӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Онҳо хонаи раис, мошинҳои гирду атроф ва як меҳмонсарои минтақаро ба коми оташ кашиданд.

Полис бо истифода аз об гирдомадагонро пароканда кард. Ёқублу ва Мамедов як рӯз баъд ба Исмоилӣ омада, аз мардум даъват карданд, ки аз иҷрои тақозои мақомот сарпечӣ намоянд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Амнести Интернешенел ва ё Афви Байналмилал мегӯяд, ҳабси Ёқублу ва Мамедов “ҷилои сиёсӣ” дорад.
XS
SM
MD
LG