Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паст шудани сифати об дар пайи боришоти ахир


Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд, бинобар боришоти бошиддат дар доманакуҳҳои ноҳияи Варзоб, ки айни ҳол идома дорад, оби нӯшокии шаҳр аз рудҳои обгузар берун баромада боиси паст шудани сифати об гаштааст.

Ба гуфти Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, аз бегоҳи 12-уми август маҷрои об тағйир ёфта, тирагии об аз 526 мг/л то ба 3780 мг/л ва шаффофият ба сифр баробар гардидаст. Бо ин сабаб аз нимаи дуюми имрӯз 13-уми августи муваққатан таъминоти об ба аҳолӣ то 70% кам карда шудаст. Ин тадбирро шаҳрдорӣ барои ҳифзи саломатии сокинон гуфта ваъда додаст, ки бо кам шудани боришот об ба пуррагӣ таъмин карда мешавад.

Дар навоҳии атрофии марказ аз бегоҳии дирӯз 12-уми август борон меборад, ки боиси паст шудани сифати об дар пойтахт ва атрофии он гаштааст.
XS
SM
MD
LG