Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи Бан Ки Мун оид ба ҳавопаймоҳои бесарнишин


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, зарур аст, то меъёрҳои байналмилалии истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҷанг муқаррар шавад. Бан Ки Мун, баъди вурудаш ба Покистон рӯзи сешанбе дар ҳузури донишҷӯён гуфт, “бояд тамоми корро кард, ки то ҳангоми ҳамла бо чунин ҳавопаймоҳо, ба хато ва талаф шудани қурбониён роҳ дода нашавад.” Давлати Покистон саъй дошт, то бо ҷалби ҳимояти дигарон ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар манотиқи қабоилнишин ва марзиаш хотима диҳад. Давлати Амрико ҳавопаймоҳои бесарнишинро як абзори муҳими маҳви ҷангҷӯёни Ал-Қоида ва Толибон медонад, аммо Исломобод мегӯяд, ки Амрико бо ҳамлаҳои ҳавоӣ аз ин гуна ҳавопаймоҳо ба истиқлолияти Покистон беэҳтиромӣ мекунад. Сафари Бан Ки Мун дар ҳолест, ки задухӯрд миёни нерӯҳои Ҳинду Покистон дар хате, ки Камширро байни ду кишвар тақсим мекунад, рӯзи сешанбе ҳам идома ёфт.
XS
SM
MD
LG