Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

9 чархаи нерӯгоҳи Норак иваз карда мешавад


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳри Норак субҳи сешанбе бо вазъи кори нерӯгоҳи мазкур ошно шуда, масъалаи тармиму таъмир ва таҷдиди чархаҳои нерӯгоҳҳоро бо мутахасисони он баррасӣ кард.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 13 август иттилоъ дод, ки зеристгоҳи тақсимоти барқи 220 ва 500 - киловолтаи нерӯгоҳи барқи обии Норак иваз карда шуд ва дар маросими баҳрабардории онҳо президент ширкат кардааст. Дар ҳоли ҳозир тибқи қарордод бо корхонаи “Турбоатом”-и Украина ҳамаи нӯҳ чархаи нерӯгоҳи Норак иваз карда хоҳад шуд.

Дар сурати пурра иваз кардани чархаҳо иқтидори истеҳсолии ҳар яки он ба 355 мегаватт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3 ҳазору 195 мегаватт расонида мешавад, ки аз иқтидори қаблиаш 195 мегаватт бештар хоҳад буд. Бояд гуфт, ки таи даҳсолаҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 4200 километр хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла 720 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110, 220 ва 500 - киловолта сохта, ба истифода дода шуданд.

Аммо тавре таҳлилгарон мегӯянд бо вуҷуди барномаҳои муҳими енержӣ ҳануз Тоҷикистон аз буҳрони неруи барқ раҳо нашудааст ва хусусан фаслҳои сармо ба буҳрони энережӣ ру ба ру мешавад.
XS
SM
MD
LG