Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун бо раҳбарони Покистон мулоқот мекунад


Бо идомаи задухӯрд миёни нерӯҳои Ҳинду Покистон дар Кашмир, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид вориди Исломобод шуд. Сафари Бан Ки Мун дар ҳолест, ки Ҳинду Покистон ҳамдигарро ба тирандозиву ҳамла дар хате, ки Камширро байни ду кишвар тақсим мекунад, муттаҳам доранд. Артиши Ҳинд рӯзи сешанбе гуфт, ки нерӯҳои Покистон шаби гузашта ба Кашмири таҳти Контроли Ҳинд бо истифода аз тӯпхона ҳамла кардаанд. Доир ба талафоте дар инҷо гузориш нашудааст. Танишҳо дар инҷо рӯзи 6 август ва баъди он боло гирифт, ки 5 сарбози ҳиндӣ дар ҳамлаи ғофилгиронае кушта шуданд. Ҳинд ин амалро кори дасти артиши Покистон хонд, вале Исломобод ин иддаъоро рад кард. Қарор аст, Бан Ки Мун бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳур ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дидору гуфтугӯ кунад. Ҳинду Покистон чанд дафъа бар сари вилояти умдатан мусулмоннишини Кашмир ҷангидаанд.
XS
SM
MD
LG