Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манъи фаъолияти ширкати «7 бурҷ» садҳо нафар аз муштариёни онро дар робита бо сармояҳояшон шадидан нигарон кардааст.

Зиёда аз 1000 муштарии «7 бурҷ» дар як номаи боз ба раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагони ва Додситони кулл хостаанд, ки ба ин қазия расидагӣ шавад. Онҳо мегӯянд, бино бар амри додситонӣ се ҳафта аст, ки наметавонанд, пули худро аз ширкат бозпас гиранд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар қароре аз 18-уми июл фаъолияти ширкати «7 бурҷ»-ро манъ кард ва ҳисобҳои онро баст. Дар ин нома гуфта мешавад, ки ширкат бархилофи қонун додуситадҳои худро на бо пули миллӣ, балки доллар ба роҳ мондааст.



Намояндаи "7 бурҷ" Ориф Расулов мегӯяд, барои ин кӯтоҳӣ мақомот метавонистанд, бо ҷарима иктифо кунанд: «Ягон асоси аниқ нест. 3-4 бор ревизия гузаронданд. Пайдарҳам аз ҷониби Бонки миллӣ, додситонӣ, ҳатто аз амният фаъолияти моро санҷиданд. Хатои ягонае, ки онҳо ёфтанд, он аст, ки дар ҳуҷҷатҳои мо додугирифт бо доллар навишта шудааст, на бо сомонӣ. Аммо аслан мо пулро ба сомонӣ қабул мекунем. Агар ин ҷурм бошад, бигузор ҷарима мекарданд. Аммо се ҳафта боз фаъолияти ширкатро боздоштаанд, аммо ба муроҷиати мо дар хусуси сабабҳои ин гирифтани чунин тасмим ҳанӯз посухе нарасидааст.»

Аммо сабаби асосие, ки Додситонии кулли Тоҷикистон дар номаи худ ба он ишора мекунад, ин хатари пирамидаи молӣ будани ширкат ва эҳтимоли зиёни молӣ дидани шаҳрвандон аст. Дар нома гуфта мешавад, ки «7 бурҷ» бо ширкати «Sanfond Financial Inc», ки дар ҷазираҳои Сейшел сабти ном шудааст, шартнома дорад ва мувофиқи меъёрҳои «Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ оид ба шустани пул», ҷазираҳои Сейшел ба феҳристи оффшорҳо шомил мешавад.

Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешаванд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месозанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд.

Зулфия Мирзоева, як муштарии ширкат мегӯяд, наздик ба 50 танро, ки бештарашон хешовандон ва дӯстонашанд, ба ширкат ҷалб кардааст. Дар сурати қатъи фаъолияти ширкат, худи ӯ бо зергурӯҳаш садҳо ҳазор доллар зарар хоҳанд дид: “Ман ба онҳо чӣ мегӯям? Маблағҳои онҳоро аз куҷо ёфта медиҳам?», - изҳори ташвиш мекунад Зулфия.

Роҳила, муштарии дигари ширкат меафзояд, ки ӯ низ беш аз 20 муштариро ба ширкат ҷалб намудааст ва тӯли 2,5 соли фаъолият ягон нафар аз фаъолияти ширкат шикоят накарда буд.

Саидмузаффар Давлатов, як намояндаи ширкати "7 Бурҷ"

Саидмузаффар Давлатов, як намояндаи ширкати "7 Бурҷ"

Аммо Саидмузаффар Давлатов, як намояндаи ин ширкат мегӯяд, чунин ширкатҳо дар тамоми ҷаҳон фаъолият доранд: «Чунин ширкат соли 1927 дар ИМА таъсис ёфт, то соли 1975 фаъолият дошт. Баъд фаъолияти онро боздоштанд. Соли 1979 додгоҳи федеролии Амрико ба хулосае омад, ки бе чунин ширкатҳо давлат фаъолият карда наметавонад. Дубора фаъолияти онро ба роҳ монд. Ин тиҷорати шабакавӣ ном дорад. Мардум метавонанд баъди кор даромади иловагӣ ба даст оранд. Мо дар давоми ду сол 700 ҳазор сомонӣ андоз супоридем, ки ин ҳам ба манфиати давлат аст».

Ҳоло муштариён мегӯянд, интизори посухи мақомот ҳастанд ва умедворанд масъала ба манфиати онҳо ҳал хоҳад шуд.

Дар ин номаи бози муштариён омадааст, ки ширкат ба тавлиди маҳсулот низ машғул аст ва дар яке аз коргоҳҳои Олмон истеҳсоли уребчаҳо (памперс)-ҳоро бо номи «Лоло» ба роҳ мондааст. Ҳамзамон ба онҳо хадамоти иловагие, аз қабили омӯзиши курсҳои комютерӣ, ронандагӣ, маҳорати сарварӣ, тиҷорат ва дарси забони англисӣ низ расонида мешуд.

Аммо Додситонии кулл бо содир намудани амр талаб кардааст, ки ба додугирифт ва интиқоли маблағҳо ба хориҷи кишвар хотима дода, барои бозпас гардонидани маблағҳои аз шаҳрвандон ҷамъ овардашуда тадбирҳо андешида шавад.

Ширкати «7 бурҷ» аз 25 январи соли 2011 расман ба фаъолият шурӯъ карда ва наздик ба 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муштарии он мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG