Пайвандҳои дастрасӣ

14 август – бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистону Ҳинд


Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Рӯзи чоршанбе, 14-уми август, дар шаҳри Хуҷанд бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мешавад.

Ин бозии дӯстона дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” соати 17 оғоз меёбад. Мӯҳсин Муҳаммадиев , сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон 25 футболбозро даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – «Равшан»), Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳарчор – «Истиқлол»), Алишер Шарифов («Парвоз»);



нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев («Равшан»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов («Слобода», Сербия), Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарчор – «Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Энергетик»);

ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»).
Ёварони мутахассиси 46-сола Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков ва мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Қурбонов, инчунин, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Асан Мустафоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров мебошанд.

Ба ҳайати варзишии Ҳиндустон, ки тавассути ҳавопаймо рӯзи 9-уми август ба Тоҷикистон омад, 31 нафар, аз он ҷумла 20 футболбоз шомиланд.
Дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон (сармураббиаш Вилгелмус Якобус Куверманс аз Ҳолланд) дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум қарор дорад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Ҳиндустон:
дарвозабонҳо: Каранҷит Сингх («Салгаокар»), Сандип Нанди («Чёрчилл Бразерс»), Субхасиш Рой Чоудхури («Демпо»);
ҳимоятгарон: Дензил Франко («Чёрчилл Бразерс»), Нирмал Четтри («Мохун Баган»), Гоураманги Сингх («Праяг Юнайтед»), Арнаб Мондал, Раҷу Гаиквад (ҳарду - «Ист Бенгал»), Сандеш Чхинган («Юнайтед Сикким»);

Мунтахаби футболи Ҳиндустон.

Мунтахаби футболи Ҳиндустон.

нимҳимоятгарон: Маҳтоб Ҳусейн, Лалриндика Ралте (ҳарду - «Ист Бенгал»), Арата Изуми («Пуне»), Ленни Родригес («Чёрчилл Бразерс»), Ҷуэл Раҷа Шайх («Мохун Баган»);

ҳамлагарон: Фрэнсис Фернандес («Салгаокар»), Клиффорд Миранда («Демпо»), Доусон Фернандес («Спортинг клуб де Гоа»), Сунил Четри («Чёрчилл Бразерс»), Робин Сингх, Шило Малсавтлуанга (ҳарду - «Ист Бенгал»).

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон се бор бо ҳам рақобат кардаанд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-уми августи соли 2008 дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон дар доираи сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд.

Баъди 12 рӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон дар бозии ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2008 боз бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 4:1 ба охир расид.
Бозии севуми футболбозони тоҷику ҳинд дар доираи сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012 рӯзи 9-уми марти соли 2012 дар пойтахти Непал – Катманду бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 поён ёфта буд. Голҳоро Аҳтам Ҳамроқулов ва Нуриддин Давронов ба ҳадаф расонданд.

Бояд гуфт, ки дар рейтинг ё феҳристи FIFA мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 114-ум ва тими миллии Ҳиндустон дар мақоми 145-ум қарор доранд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ҷараёни омодагӣ ба бозии дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон ду бозии санҷишӣ анҷом дод: мунтахаби Тоҷикистон – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 4:1, мунтахаби Тоҷикистон – мунтахаби бошгоҳҳои кишвар – 2:2.
XS
SM
MD
LG