Пайвандҳои дастрасӣ

Навалний: "Муҳоҷирон бе виза ба Маскав наоянд"


Дар мубоҳисаҳои телевизионии панҷ довталаби курсии шаҳрдори Маскав, Алексей Навалний, номзади мухолифин қавл додааст, ки дар сурати пирӯзиаш барои шаҳрвандони Қафқоз ва Осиёи Марказӣ низоми раводид ба роҳ меандозад. Навалний муҳоҷират ба Маскавро “беш аз ҳад хонд ва гуфт:
“Бояд низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба роҳ андохта шавад. Агар Олмону Фаронса аз мову шумо раводид мехоҳанд, пас мо ҳам бояд, низоми раводидро ба роҳ андозем. Ман намефаҳмам, барои чӣ ман ҳангоми сафар ба ягон кишвари аврупоӣ раводид бигирам, вале ҳар шаҳрванди Қирғизистон ва ё Тоҷикистон ҳатто бе шиносномаи хориҷӣ фақат як билет мегиранд ва ба инҷо меоянд.“
Алексей Навалний ҳамчунин гуфт, тарҳҳои бузурги сохтмону зербунёдҳои пойтахти Русияро ба дӯстони Владимир Путин додаанд ва афзуд, ки алайҳи ришваву фасод мубориза хоҳад кард. Николай Левичев, раиси Ҳизби Русияи Одил гуфтааст, ки дар сурати раиси шаҳри Маскав шудан, қимати таваққуфгоҳҳои мошинҳоро поин хоҳад бурд. Сергей Собянин, шаҳрдори феълии Маскав, аз ширкат дар мубоҳисаҳои телевизионӣ даст кашидааст. Қарор аст, миллионҳо нафар аз сокинони шаҳри Маскав рӯзи 8 сентябр шаҳрдори нави худро интихоб кунанд.
XS
SM
MD
LG