Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин барои мулоқот бо Алиев ба Боку рафт


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз бо қасди дидору мулоқот бо Илҳом Алиев, ҳамтои озарии худ ба шаҳри Боку сафар кард. Ба гуфтаи ҳукумати Русия Владимир Путин ҳамчунин дар гуфтугӯҳои ҳайъатҳои васеъи Русия ва Озарбойҷон ҳузур хоҳад дошт. Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия гуфт, қарор аст, зимни сафар 5 ё 6 қарордоди дуҷониба ба имзо бирасад. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, созишномаҳо ба ҳамкориҳо дар арсаи энержӣ ва нақлиёт иртибот доранд. Мақоми ҳуқуқии Баҳри Хазар ва роҳҳои ҳалли муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ аз ҷумлаи дигар масоили баҳси ду тараф будааст.
XS
SM
MD
LG