Пайвандҳои дастрасӣ

Номзади интихоботи соли 2006 аз нав вориди сабқат мешавад


Абдуҳалим Ғаффоров зимни сӯҳбат дар дафтари Радиои Озодӣ, 13-уми августи соли 2013.

Абдуҳалим Ғаффоров зимни сӯҳбат дар дафтари Радиои Озодӣ, 13-уми августи соли 2013.

Яке аз панҷ номзади интихоботи президентии соли 2006-и Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффоров аз нав мехоҳад, барои курсии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мубориза кунад.

Абдуҳалим Ғаффоров, ки аз тарафи Вазорати адлияи Тоҷикистон раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон эътироф шудааст, мегӯяд, дар интихоботи президентии моҳи ноябр бо барномаи нав ва бештар иҷтимоӣ вориди корзор хоҳад шуд. Вай бо эътирофи хидматҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз нархҳои баланд ва иҷро нашудани тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун изҳори ноқаноатмандӣ кард ва гуфт, ҳизбаш ба татбиқи ин барномаҳо талош хоҳад кард. Вай афзуд, барномаи интихоботияш аз барномаи қаблии ӯ, ки бо он дар интихоботи президентии соли 2006 ширкат карда буд, ба куллӣ фарқ хоҳад дошт.




Дар изҳороте, ки худи Абдуҳалим Ғаффоров ба идораи Радиои Озодӣ овард, раёсати Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон аз талошҳои раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба ташкили як эътилофи интихоботӣ шадидан интиқод карда, ба такрор эълом доштааст, ки Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон дар ин эътилоф ширкат нахоҳад кард. Дар ин изҳорот ҳамчунин аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири адлия, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Додситони кулли Тоҷикистон, вазори умури дохилӣ ва раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дархост шудааст, ба талошҳои Зойиров вокуниш нишон диҳанд ва пеши роҳи ӯро бигиранд.

Абдулҳалим Ғаффоров дар соли 2006 дар як қатор бо Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Раҳмонов) аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Олим Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Амир Қароқулов аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ ширкат карда, аз ҳамаи номзадҳо камтар -- 2,8 дарсад раъй гирифт. Бино ба маълумоти Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар интихоботи соли 2006 наздик ба 91 дар сади сокинони ҳаққи райъдошта ширкат карда, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 79,3 % пирӯз эълон шуда буд.

Ба ақидаи аксари коршиносон, номзадҳои дигари интихоботи соли 2006 дар корзори таблиғотӣ ба манфиати номзади асосӣ фаъолият дошта, аз ҳеҷ гуна хилофкориҳо дар ҷараёни интихобот хабар надодаанд ва аз маърака ба таври комил ризову шод буданд.

ТАЪРИХЧАИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИ ТОҶИКИСТОН

Соли 1996 дар дар шаҳри Хуҷанд дар нахустин анҷумани ин ҳизб ҳуқуқушинос Моҳиниссо Ҳорисова раиси он интихоб шуд. Моҳи августи ҳамин сол ҳизб дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Созмондиҳандаи аслии ин ҳизб ҳуқуқушинос Сафаралӣ Кенҷаев буд. Вай дар солҳои ҷанги дохилӣ яке аз лидерони Ҷабҳаи Халқӣ ба шумор мерафт ва дар роҳи ба сари қудрат овардани ҳукумати Раҳмонов талош кардааст.

Соли 1996 дар дуввумин анҷумани ҳизб Кенҷаев, ки раиси кумитаи қонунгузори Маҷлиси Олӣ буд, раҳбари ҳизб интихоб шуд. Тибқи барномаи ҳизб, мебоист Кенҷаев дар нахустин интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмонов рақобат мекард. Вале дар остонаи интихобот Сафаралӣ Кенҷаев аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид ва то ҳол парвандаи куштори ӯ ҳамчунон пӯшидааст.

Дар поёни соли 1997 профессор Қурбон Восиев ҳамроҳ бо Абдуҳалим Ғаффоров -устоди Донишгоҳи санъати Тоҷикистон бо ҷонибдорорни фарзанди Кенҷаев -- Шералӣ Кенҷаев ба мухолифат бархостанд. Пас аз марги Сафаралӣ Кенҷаев ду моҳ Қурбон Восиев иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳизб буд. Ба нишони нобоварӣ ба Қурбон Восиев тарафдорони писари Кенҷаев дар шимоли кишвар соли 2000- ум анҷуман баргузор намуда, Шералӣ Кенҷаевро раис интихоб карданд.

Шералӣ Кенҷаев давраи кӯтоҳе дар ин вазифа буд ва баъд бародари Сафаралӣ Кенҷаев, Раҷабалӣ Кенҷаев сарвари ҳизб интихоб шуд. Он замон омодагӣ ба интихоботи порлумони нави Тоҷикистон идома дошт, аммо Ҳизби Сотсиалистӣ бо нобасомониҳои дохили худ натавонист дар порлумон соҳиби курсӣ шавад. Дар соли 1994 Раҷабалӣ Кенҷаев аз вазифаи раисии ин ҳизб истеъфо дод ва дар моҳи августи ҳамин сол Мирҳусайн Нарзиев яке аз чеҳраҳои фаъоли ҳизб раис интихоб шуд. Назриев дар мавқеи мухолифати созанда бо ҳукумат қарор гирифт ва кӯшиш кард, то нуфузи ҳизбро баргардонад ва бори нахуст ҳизб дар минтақаи Кӯлоб бахши худро созмон дод. Ӯ мегӯяд, дар чордаҳ ноҳияи вилояти Хатлон шӯъбаҳои аввалияи ҳизбро таъсис додааст.

Ҳизби Сотсиалистӣ таҳти сарварии Мирҳусайн Назриев тирамоҳи соли 2004 ба Эътилофи аҳзоби сиёсӣ ба хотири интихоботи шаффоф пайваст, ки дар он Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ҳизби Демократ шомиланд. Аммо дар остонаи интихоботи порлумонии қарибувуқӯъ тарафдорони Қурбон Восиев - мушовири раиси ҷумҳур оид ба масоили фарҳанг ва Абдуҳалим Ғаффоров анҷуман баргузор намуда, ба ҳайси вориси аслии ҳизб асноди лозимаро барои сабт ба вазорати адлия пешниҳод карданд. Ва вазорати адлия расман Абдуҳалим Ғаффоровро раиси Ҳизби Сотсиалистӣ шинохт. Аммо Мирҳусайн Назриев амали вазорати адлияро дахолати ҳукумат ба кори дохилии ҳизб номида гуфт, ҳукумат мехоҳад, сотсиалистҳоро таҳти нуфузи худ қарор диҳад.

Ҳамин тавр 19-уми январ ҳар ду шохаи Ҳизби Сотсиалистӣ анҷуманҳои худ ҷиҳати пешниҳоди номзадҳо ба порлумонро баргузор карданд. Аммо Комиссияи марказии интихобот феҳрасти ҷиноҳи оқои Назриевро напазируфт, ва акнун шохаи таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоров бо 6 номзад барои роҳ ёфтан ба Маҷлиси Намояндагон мубориза дорад. Ҳадафи аслии сотсиалистҳо эҷоди як ҷомеи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ дар кишвар будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG