Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон бемории вараҷаро аз байн мебарад


Тоҷикиситон бо пешниҳоди як дархост аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт хостори эътирофи ин кишвар ба сифати як кишвари орӣ аз бемории вараҷа шудааст. Ин матлаб рӯзи 13-уми август зимни як ҳамоиш дар Душанбе аз сӯи Тоҳир Шерхонов, муовини директории Маркази бемориҳои тропикӣ баён гардид. Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон дар як соли гузашта шумораи гирифторони бемории вараҷа 57 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи оқои Шерхонов, агар дар соли 2012, 133 нафар ба бемории вараҷа мубтало шуда бошад, соли ҷорӣ шумораи гирифторони ин маризӣ то ба 5 нафар коҳиш ёфтааст. Ба иддаои ҷаноби Шерхонов ин бемори аслан дар минтақаҳои марзб бо Афғонистон ба мушоҳида мерасид. Ва ин панҷ нафар ҳам дар берун аз Тоҷикистон ба ин беморӣ мубтало шуданд. Ин дар ҳолест, ки ба иттиллои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, замони авҷи хуруҷи ин маризӣ дар соли 1997 ҳудуди 50 ҳазор нафар сокини кишвар гирифтори ин беморӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG