Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Амрико аз шаҳраксозии Исроил


Хонум Ҷен Псакӣ

Хонум Ҷен Псакӣ

Амрико мегӯяд, ки аз тасмими Исроил дар бораи додани иҷоза барои сохтмони маҳаллоти аҳолинишин дар қаламравҳои ишғолии Фаластин “сахт нигарон” аст. Ин дар ҳолест, ки бояд даври нави музокироти сулҳи Исроилу Фаластин оғоз шавад.

Хонум Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико рӯзи душанбе дар Вашингтон гуфт, ки “мо идомаи сохтмони маҳаллоти аҳолинишинро қонунӣ намедонем”.
Ин эъломияи Вашингтон дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи якшанбе ҳукумати Исроил санадеро ба тасвиб расонд ва дар он гуфта мешавад, ки дар каронаи Ғарбӣ ва дар шарқи Байтулмуқаддас барои аҳолии яҳудӣ 1000 хонаи нав сохта мешавад.

Қарор аст музокироти сулҳи Исроилу Фаластин рӯзи чаҳоршанбе дар Байтулмуқаддас бо ташаббуси Амрико оғоз шавад ва дар давоми 9 моҳи оянда бояд миёни ҷонибҳо тавофуқ ба даст ояд. Вале Вашингтон бим дорад, ки бо оғози сохтмони маҳаллоти аҳолинишин ин раванд ба дарозо хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG