Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари одамрабоӣ дар Лубнон


Мақомоти амниятии Лубнон мегӯянд, ки дар робита бо рабудани ду халабони ширкати ҳавоии Turkish Airlines як марди лубнонӣ боздошт шудааст. Ин мақоми расмӣ, ки нахост аз вай ном бурда шавад гуфт, ки марди боздоштшуда Муҳаммад Солеҳ ном дорад.

Мақомот мегӯянд, ки ин мардро замоне боздошт кардаанд, ки вай бо рабояндагони халабонон телефонӣ тамос гирифтааст. Баъд аз боздошти ин марди лубнонӣ пулис тадобири амниятиро дар дафтарҳои ширкатҳои туркӣ дар Бейрут тақвият бахшидааст.

Ду халабони ширкати ҳавоии Туркия рӯзи ҷумъа дар назидкии фурудгоҳи байналмиллалии Бейрут аз автобус пиёда карда ва ба самти номаълум бурда шуданд.
Зоҳиран рабояндагон талош доранд ба ин васила чанд нафар аз шиаҳои лубнониро, ки шӯришиён дар Сурия боздошт шуда буданд, аз боздошт раҳо кунанд.

Баъд аз рабудани ду халабон Туркия аз шаҳрвандони худ хост, ки Лубнонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG