Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон киштии ҳавопаймобари худро месозад


Дар Ҳиндустон нахустин киштии ҳавопаймобари ин кишвар ба об сар дода шуд. Ба ин муносибат дар шаҳри Кочӣ маросиме баргузор гардид. Интизор меравад, ки ин ҳавопаймобар бо номи "Викрант" то соли 2018 ба хидмат сафарбар шавад.

Баданаи ин киштӣ дар Ҳиндустон сохта шудааст. Муҳаррик ё мотори он бо баъзе таҷҳизоти дигар сохти Амрико ва ҳавопаймоҳое, ки ба ин киштӣ дода мешаванд, яъне ҳавопаймоҳои шикории Миг-29 сохти Русия мебошанд.

Дар миёни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон танҳо Британияву Фаронса ва Русияву Амрико киштиҳои ҳавопаймобар тавлид мекунанд. Вақтҳои ахир маълумот пахш шудааст, ки Чин ҳам ҳавопаймобари худро месозад.

Ҳоло Ҳиндустон танҳо як ҳавопаймобар дар ихтиёр дорад ва онро соли 1987 аз Британия харидорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG