Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ду шаҳрвандашро аз Абхозистон баровард


Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламраи Абхозистон берун овардаанд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод.

Саъдӣ Абдукаримов ва Абдуманнон Ёқубов-шаҳрвавндони Тоҷикистон бар асоси тавофуқоти сохторҳои зидахли Тоҷикистону Русия тавассути долон ё гузаргоҳи муваққатии миёни Русияву Абхозистон дар минтақаи Краснодар рӯзи душанбе марзро гузаштаанд. Ин коридор бино ба тавофуқоти ҷонибҳо барои ин ду нафар муваққатан боз шудааст.

Ҳоло онҳо дар қаламрави Русия қарор доранд ва бар асоси тавофуқоти ба дастомада онҳо бояд дар зарфи 3 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд. Онҳо аз фурудгоҳи шаҳри Сочӣ ба Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG