Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш гуфт, ки ба Абхозистон нараванд


Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ дар Русия ҳушдор додааст, ки аз сафар ба Абхозистон худдорӣ кунанд.

Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия ду нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қаламраи Абхозистон берун овардаанд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод.

Саъдӣ Абдукаримов ва Абдуманнон Ёқубов-шаҳрвавндони Тоҷикистон бар асоси тавофуқоти сохторҳои зидахли Тоҷикистону Русия тавассути долон ё гузаргоҳи муваққатии миёни Русияву Абхозистон дар минтақаи Краснодар рӯзи душанбе марзро гузаштаанд. Ин коридор бино ба тавофуқоти ҷонибҳо барои ин ду нафар муваққатан боз шудааст. Ҳоло онҳо дар қаламрави Русия қарор доранд ва бар асоси тавофуқоти ба дастомада онҳо бояд дар зарфи 3 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд. Онҳо аз фурудгоҳи шаҳри Сочӣ ба Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки то ҳол дар қаламрави Абхозистон шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон қарор доранд ва тибқи қонунҳои Русия онҳо наметавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд.Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон марзи давлатии Русия ва Абхозистонро гузаштанд ва дар он кишвар қарор доштанд. Вале дар бозгашт марзбонони Русия онҳоро ба қаламрави Русия роҳ надоданд.Ҳоло мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Русия ба хотири боз кардани гузаргоҳҳои муваққатӣ барои шаҳрвандони дигари худ бо мақомоти зидахли Русия музокира пеш мебаранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамзамон ба шаҳрвандони худ муроҷеа кардааст, ба вижа ба ононе, ки дар ҷануби Русия кору зиндагӣ мекунанд ва аз онҳо хостааст, ки аз сафар ба Абхозистон худдорӣ кунанд.

Маъмулан шаҳрвандони Тоҷикистон бо хатми мӯҳлати сабти номи худ дар Русия бояд аз қаламрави ин кишвар хориҷ шаванд ва аз кишвари дигаре дубора ба русия баргарданд, то дубора ҳақи сабти номро барои мӯҳлати баъдӣ пайдо кунанд. Чун минтақаи Караснодар бо Абхозистон наздик аст ва қаламрави кишвари хориҷӣ ба шумор меравад, шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти чунин ҳақ ба Абхозистон мераванд. Вақтҳои охир марзбонони Русия иҷоза намедиҳанд, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Абхозистон дубора ба Русия ворид шаванд.

Ҳоло ононе, ки ҳади ақал бо кӯмаки мақомоти зидахли Тоҷикистону Русия ҳақи дарёфти вуруд ба Русияро аз гузаргоҳи вижа пайдо мекунанд, бояд дар давоми 3 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд. Ба ин тартиб, онҳо аз ҳақи кору зиндагӣ дар Русия барои 5 сол маҳрум хоҳанд шуд.

Барои гирифтор нашудан ба чунин сарнавишт сафорати Тоҷикистон дар Русия ба чунин шаҳрвандони кишвари худ пешниҳод кардааст, ки беҳтар аст дар ин ҳолатҳо онҳо вориди қаламрави Русия нашаванд, балки ба Тоҷикистон баргарданд ва аз он ҷо дубора ба Русия оянд, то аз ҳақи иқомату кор дар Русия маҳрум нашаванд.
XS
SM
MD
LG