Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Русия ба кисаи Навалний чашм дӯхт


Додситонии кулли Русия мегӯяд, маъракаҳои довталаби курсии мири Маскав Алексей Навалний аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд. Ситоди номзад ин иттиҳомро рад мекунад.

Тибқи гузориши додситонии кулли Русия беш аз 300 кумакрасони хориҷии номаълум аз 46 кишвари олам барои маъракаи пешазинтихоботии Навалний бо истифода аз шабакаи Яндекс-денги пул фиристодаанд ва ин аъмол хилофи қонунгузории кишвар аст. Бино бар қонуни интихоботи Русия номзаде, ки корзори ӯ аз хориҷ сармоягзуорӣ мешавад, аз идомаи сабқат ихроҷ хоҳад гашт.

Рӯзи душанбе раиси ситоди интихоботии Навалний Леонид Волков гуфт, Навалний аз ягон шаҳрванди хориҷӣ пул нагирифтааст. Аммо пеш аз додситонӣ раҳбари ҳизби либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский низ гуфт, Навалний аз хориҷа пул мегирад.

Дар торнамои Додситонии кулли Русия гуфта мешавад, ки Навалний ва тарадфорони ӯ ба воситаи "ҳавола"-и Яндекс аз 300 нафар дар 46 кишвар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Финдонд, Британия, Швейстария, канада ва ғайра маблағҳое гирифтаанд, ки қарор аст, дар маъаракаи интихоботӣ истифода шаванд.

Рӯзи душанбе сухангӯи низоми пулии Яндекс-денги Ася Мелкумова ба хабарнигорон гуфт, то ҳол идораи додситонӣ ба онҳо муроҷиат накардааст, ки дар бораи сармоягузории маъракаи пешазинтихоботии Навалний маълумот диҳад.

Навалний, ки аз мунаққидони сарсахти Кремл ба шумор меравад, ҳафтаи гузашта дар бораи хусусигардонии манзили Сергей Собянин-мири кунунӣ ва довталаби асосии курсии мири Маскав, мақола навишта, шаръияти соҳиби хонаи баробар ба 5 миллиону 270 ҳазор доллар шудани духтари Собянинро зери шубҳа қарор дод.

Вале сухангӯи Собянин иддао дорад, ки манзил ба Собянин ҳангоми кор дар дастгоҳи президенти Русия тақдим шуда буд ва баъдан хусусигардонии он ҳам қонунӣ будааст.
XS
SM
MD
LG