Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Заробиддин Саидови 9-сола шашрӯз боз бедарак аст


Заробиддин Саидови 9-сола, сокини деҳаи Навободи шаҳри Панҷакент аз шаш рӯз ба ин тараф боз бедарак аст. Насим Қурбонов, ёрдамчии навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷустуҷӯҳои чандрӯза бенатиҷа мондааст ва аз писарбача ягон нишонае пайдо накардаанд. Ба гуфти манбаъ, аз рӯзи муроҷиат кардани наздикони ин ноболиғ кормандони пулис ва ҳам наздикони вай тамоми ҷойҳоро тафтиш доранд, вале барои ёфтанаш мувафақ намешаванд. Ба гуфтаи як манбаъ аз ин деҳа, мардуми маҳал ҳам дар ҷустуҷӯи ноболиғи гумшуда ҳастанд, вале аз ӯ дараке нест.

Гумшудани ноболиғон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Маликаву Сабина Араловаҳо, амакбачаҳои панҷ ва чорунимсолаи сокини хиёбони Айнии пойтахти Тоҷикистон аз пурсару садотарин кӯдакони гумшуда ҳастанд, ки рӯзи 25 марти соли равон аз назди манзили худ ғайб заданд ва то ҳанӯз аз онҳо хабаре нест.
Бо вуҷуди талошҳои зиёди волидон ва мақомоти қудрати Тоҷикистон онҳо пайдо нашудаанд ва барои пайдо кардани онҳо ҳатто Хадамоти кашфи ИМА ҳам ба кӯмак омада буд, вале мувафақ нашуданд. Феълан дар рӯихати шахсони гумшудаи сомонаи расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамагӣ 4 нафар дарҷ шудааст, ки аз он 3 нафарашон ноболиғанд. Вале дигар гумшудаҳои берун аз пойтахт дар он ҷой дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG