Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии кураш миёни наврасону ҷавонон дар Тайван 8 медал ба даст оварданд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Носир Бозоров, раиси Федератсияи гуштии кураши Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт, “дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки барои аввалин бор баргузор шуд, беш аз 200 варзишгари 26 кишвар ширкат доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Шералӣ Бозоров 8 нафар дохил буданд. Паҳлавонони ҷавони мо дар ин мусобиқа 4 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ гирифтанд.”

Ба гуфтаи Носир Бозоров гуштигирони тоҷик Сафарбек Муродов (77 кг) ва Сӯҳроби Акбаршо (83 кг) байни ҷавонон, Муҳаммадраҳим Сарахонов (46 кг) ва Хуршед Маҷидов (+77 кг) миёни наврасон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Наврӯзи Ҳасан (46 кг) ва Шерзод Шайхов (90 кг) байни ҷавонон ва Фаррухи Илҳомҷон (71 кг) миёни наврасон бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин Баҳодур Ҳалимов (66 кг) дар сабқати ҷавонон соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ба иттилои раҳбари Федератсияи гуштии кураши Тоҷикистон, ҳамзамон дар Тайван мусобиқаи байналмилалӣ байни ҷавонон дар риштаи гуштии кураш баргузор шуд. Дар ин мусобиқа паҳлавони ҷавони тоҷик Сафарбек Муродов дар вазни то 81 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG