Пайвандҳои дастрасӣ

Ояндаи номзади ягонаи мухолифон дар дасти Путин аст


Президентҳои Русия ва Озарбойҷон, Владимир Путин (чап) ва Илҳом Алиев.

Президентҳои Русия ва Озарбойҷон, Владимир Путин (чап) ва Илҳом Алиев.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 12-уми август, дар ростои интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон ба Боку сафар кард.

Бисёриҳо ин сафарро рамзи ҳимояти Путин аз номзадии раисиҷумҳури феълии Озарбойҷон Илҳом Алиев мешуморанд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон 9-уми октябр баргузор мешавад. Алиев номзадии худро барои давраи сеюми раёсат пешбарӣ кардааст.

Бо чанд суол роҷеъ ба вокуниши озарбойҷониҳо ба сафари Путин сиёсатшинос Нотиқ Ҷаъфарлӣ посух дод.

- Сафари Путин ба интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон чӣ рабт дорад?

- Вақтҳои охир гуфтумонҳои зиёде садо медиҳад, ки байни раҳбарияти Озарбойҷон ва Русия нофаҳмиҳое ҷой дорад ва муносибатҳо хуб нест. Чунин афкори иҷтимоӣ ба миён омад, ки маҳз президент Путин мехоҳад дар интихооти раёсатҷумҳурии Озарбойҷон нақши муассир дошта бошад. Ҳукумати Озарбойҷон дар ин бобат хеле нигарон аст. Барои ҳамин сафари Путин аҳамияти хос дорад. Он гӯё нишон медиҳад, ки ҳама гунак нофаҳмиҳо аз байн рафта, ҳамаи масъалаҳо дар байни раҳбарияти Озарбойҷон ва Русия ҳал шудаанд.

- Пас Алиев ба Путин ҳамчун коршарик муносиб аст ва оё Алиев метавонад ба ҳимояти Русия дар интихобот умед бандад?

- Фикр мекунам, ки оре. Ҳам тарзи раҳбарӣ, афкор ва низоми ҳокимият дар Озарбойҷон ва Русия аз ҳам фарқе надоранд. Ҳамон низоми авторитарӣ ё худкома, ҳамон тарзи муносибат ба ҷомеаи маданӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, хулоса ҳама монанди ҳам.Фикр намекунам, ки Путин ба дигаргуниҳое дар ин интихобот дар Озарбойҷон назари мусбат дошта бошад. Даргумон аст, ки Русия назарашро ба доираҳои ҳокими Озарбойҷон ба таври ҷиддӣ тағйир диҳад.

- Вазъият дар кишвар то куҷо мӯътадил аст ва оё номзадҳои мухолиф барои дастёфт ба ҳимояти ҷиддӣ дар интихобот шансе доранд?

- Мухолифон дар моҳи май номзади ягонаи худро пешбарӣ намуданд. Коргардон ва драмнависи машҳур Рустам Иброҳимбеков номзади ягонаи мухолифон аст. Аммо дертар рӯшан шуд, ки вай шаҳрванди Русия аст ва бино бар қонуни асосии Озарбойҷон шахсе, ки ду шаҳрвандӣ дорад, наметавонад, дар интихобот ширкат кунад. Бино бар хабари матбуот, Иброҳимбеков чанд ҳафта пеш ба ҳукумати Русия муроҷиат кардааст, то шаҳрвандии Русия лағв карда шавад. Ҳоло маълум мешавад, ки сарнавишти номзади ягонаи мухолифони Озарбойҷон дар дасти Путин аст. Мардум инро як ғалати мухолифон ва эътилофи “Шӯрои миллӣ” меноманд. Номзади дигар, Элдор Мамедов, мудири Мактаби пажӯҳишҳои сиёсии Шӯрои Аврупо роҷеъ ба Озарбойҷонро ҷунбиши “Ҷумҳурии дигар” пешбарӣ кардааст. Аммо ӯ бо иттиҳомоти дурӯғин дар моҳи феврал ҳабс шуда буд ва ҳоло мақомот бо ҳар роҳ талош мекунанд, номзадияш ба қайд гирифта нашавад, ҳарчанд аз рӯйи қонун ҳеҷ монеае нест.

- Путин, тибқи барномаи сафар ба Қафқози Ҷанубӣ ва ҳавзаи Баҳри Каспий аз Арманистон ҳам дидан мекунад. Оё метавон инро рамзи мавзеъгирии Русия дар масъалаи Қарабоғ номид?

- Ҳалли масъалаи Қарабоғ сахт аз Русия вобастааст. Таҳлилгарон дар ин бора зиёд суҳбат мекунанд, аммо ҳама медонанд, ки Русия ва Арманистон пайвандҳои зичтаре доранд. Арманистон аз ҳимоятии ҳарбӣ ва иқтисодии Русия сахт вобастааст. Биноан, фикр намекунам, ки ин ҷо низ дигаргунии куллие иттифоқ афтад. Фикр намекунам, ин як навъ ҳимояти ғайримустақим аз мавқеи Озарбойҷон дар масъалаи қарабоғи Куҳӣ бошад. Ба ҳар ҳол то интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон гумон аст, ки дар ин самт ҳаракате ба амал ояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG