Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоне дар рӯди Душанбе ғарқ шудааст


Дар ҳоле, ки барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ, маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар кўли «Варзоб», дарёи Душанбе ва дар кули «Ҷавонон» машқҳо анҷом медод, як сокин ноҳияи Ванҷ дар дарёи Душанбе ғарқ шуд ва ҷасадашро пас аз се соат пайдо карданд. Ориф Нозимов, сухангуи КҲФ, 12 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи якшанбе гурӯҳи зудамали ғаввосон ва ёрии таъҷилии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар нуқтаҳои серодами дарёи Душанбе, кули Варзоб ва кули "Ҷавонон" (Комсомол) машқҳо барои эҳтиёт аз ғарқшудан гузарониданд ва мардумро бо ҳунари оббозӣ ошно кунониданд. Дар ҳоли идомаи машқҳо дар соати тақрибан 16-00 наздикони як сокини ноҳияи Ванҷ Асрорӣ Ҷалилови 16 сола аз ғарқ шудани ӯ хабар доданд. Ғаввосони гурӯҳи зудамали КҲФ танҳо пас аз се соати ҷустуҷӯ муваффақ шуданд, ки дар 700 метри поёнтар аз ҷои ғарқшавӣ ҷасади Асрорӣ Ҷалиловро пайдо кунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо назардошти ҷилавгирӣ аз ғарқшавии мардум дар ҳамаи вилоятҳо ва навоҳии Тоҷикистон гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ таъсиси додааст.

Ин дар ҳолест, ки дар муддати 7 моҳи ахир дар Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф 82 нафар ба дарё ғарқ шуда ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG