Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши футболбозони наврас барои ҷоизаи В. Ғуломҳайдаров


Владимир Ғуломҳайдаров.
Владимир Ғуломҳайдаров.

Аз 13-ум то 17-уми август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаи футболбози машҳури тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров баргузор мешавад.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқаи нахустини ҷумҳуриявӣ барои ҷоизаи Мураббии шоистаи Тоҷикистон, Устоди варзиши СССР Владимир Ғуломҳайдаров футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2000-2001 ширкат мекунанд. Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа ташвиқу тарғиби футбол миёни кӯдакону наврасон, таҳкими дӯстӣ ва муайян намудани беҳтарин футболбозон мебошад. Барои ҷоизаи футболбози машҳур ва мураббии варзидаи тоҷик 8 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ мубориза хоҳанд бурд.”

Ҷаноби Мирзоев иброз дошт, ки футболбози машҳур Владимир Ғуломҳайдаров, собиқ капитан ва сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, узви дастаи мунтахаби олимпии СССР, ки 17 соли ахир дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад, бо даъвати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба зодгоҳаш -Душанбе омадааст ва дар ин мусобиқа ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат меварзад. Ҷоизаро ба дастаи ғолиб худи Владимир Ғуломҳайдаров месупорад.

Бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Маросими кушоиши мусобиқа рӯзи сешанбеи 13-уми август соати 17 барпо мегардад.

Шарҳи ҳол

Владимир Ғуломҳайдаров 26-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Вай аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри XX маҳсуб мешавад. Ӯ солҳои 1964 – 1977 дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст.

В. Ғуломҳайдаров шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1976) буда, дар «Помир» нимҳимоятгар ва капитани даста буд. Вай дар лигаи якум дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Ду сол (1969- 1970) шарафи дастаи машҳури «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Устоди варзиши СССР Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки ба дастаи яккачини олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, соли 1967 дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

35 сол аст, ки Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият дорад. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Гузариш» («Переправа») мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» сарфароз гаштааст.

Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав (1979) солҳои 1980-1983 дар дастаи «Помир» аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии дастаи «Помир», дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими «Саддам»-и Сарбанд буд.

Ҳабдаҳ сол инҷониб ӯ дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад. Вай нахуст сармураббии дастаи “Батир” (Экибастуз) буд. Баъдан ба ҳайси мураббӣ, мураббии калон, сармураббӣ, мураббии мушовир дар дастаҳои «Ғайрат» (Алматӣ), “Тараз” (Ҷамбул) , “Жетису” (Талдиқӯрғон), “Мегаспорт” (Алматӣ), “Локомотив” (Остона) ва “Сункар” (Каскелен) кор кардааст. Феълан нафақахӯр аст. Оиладор, соҳиби ду духтару ду набера мебошад.
XS
SM
MD
LG