Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як сокини Душанбе бо 10 кг ҳероин


Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз як сокини 46 солаи Душанбе ба миқдори 10 килограмм ҳероин дарёфт кардаанд. Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, рӯзи якшанбеи 11-уми август аз ҷониби кормандони пулис дар таҳхонаи Зафар Шарифов, сокини шаҳр Душанбе маводи нашъадори «ҳероин» ба миқдори 10 кг 204 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст. Тибқи маълумот Зафар Шарифов қаблан бо моддаҳои 32 ва 104 кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст. Манбаъ афзуд аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
XS
SM
MD
LG