Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Мурсӣ дар Қоҳира раҳпаймоӣ карданд


Тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ рӯзи душанбе ҳамчун намунаи нерӯ дар кӯчаҳои Қоҳира раҳпаймоӣ карданд. Пеш аз он мақомоти Миср ҳушдор дода буданд, ки агар то рӯзи душанбе Ихвонулмуслимин ё худ Бародарони мусулмон майдонро холӣ накунанд, онҳоро иҷборан аз майдон берун хоҳанд кард.

Нерӯҳои амниятии Миср гирду атрофи ҷамъомади тарафдорони Мурсиро иҳота кардаанд, то аз вуруди эътирозгарони иловагӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Вазорати корҳои дохилии Миср мегӯяд, ба бархӯрд бо эътирозгарон омода шудааст.

Ҷамол Ҳишмат яке аз пешвоёни Ихвонулмуслимин дар ин робита мегӯяд:

Ин эътирози тамоми фарзандони Миср аст. Ҳар кӯшиши муҳосира ва ё манъи он тавассути қатъи таъмини об, таом ва ё нерӯи барқ ҷиноят буда, барои масъулонаш оқибат хоҳад дошт. Ҳамчунон ҳамла ва куштори мисриён бар асоси ихтилофи сиёсӣ тавре ҳозир аз сӯи артишу полис дида мешавад, масъулият хоҳад дошт ва имкон дорад, тамоми Мисро ба коми оташ кашад. “

Президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ 3-уми июл бо дасти артиши ин кишвар барканор шуд. Дар бархӯрдҳои тарафдорони Мурсӣ бо нерӯҳои мисрӣ камаш 250 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG