Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимбеков ҳоло ба Озарбойҷон рафтанӣ нест


Рустам Иброҳимбеков
Рустам Иброҳимбеков
Барандаи ҷоизаи Оскар, сенариянависи озаритабор Рустам Иброҳимбеков мегӯяд, сарфи назар аз пешбарии номзадиаш ба курсии раёсатҷумҳурии Озарбойҷон, феълан ӯ дар хориҷ аз ин кишвар ба сар хоҳад бурд.

Мухолифини озарӣ Иброҳимбекови 74-соларо расман номзади ягонаи онҳо дар интихоботи президентии моҳи октябр пешбарӣ кардаанд.

Ба гуфти Иброҳимбеков агар ӯ ҳозир ба Боку баргардад, ӯро ҳабс хоҳанд кард. Ӯ афзудааст, ки ду шаҳрвандӣ дорад ва бояд аз шаҳрвандии Русия даст кашад, то ҳаққи номзадӣ дар Озарбойҷонро касб кунад.

Ҳангоми сӯҳбат бо хабаргузории Франс пресс дар Гурҷистон Иброҳимбеков таъкид кард, ки Шӯрои миллии нерӯҳои демоктарии Озарбойҷон ҳам ба ӯ машварат додааст, ки ҳоло ба Озарбойҷон барнагардад.
Ҷаласаи ахири эътилофи мухолифини озарӣ ҳафтаи гузашта дар Гурҷистон доир шуда буд.
XS
SM
MD
LG