Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо аз тасмими Исроил ношоданд, аммо ба гуфтушунид розӣ


Бо ҳадафи эҳёи раванди сулҳи Ховари Миёна мақомоти Исроил ба озодии 26 маҳбуси фаластинӣ ризоият доданд.

Ин маҳбусон бахше аз 104 нафар фаластиниянд, ки Исроил моҳи гузашта ба озодии онҳо аз мабҳасҳои худ ризоият дод. Агар гуфтушуниди сулҳ идома пайдо кунад, 78 маҳбуси дигар дар 9 моҳи оянда озод хоҳанд шуд.

Ҳамзамон ҳукумати Исроил қарори идомаи шаҳраксозӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва шарқи Байтулмуқаддасро низ ба тасвиб расонд.

Ин дар ҳолест, ки бояд рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми август даври нави гуфтушуниди Исроил ва фаластиниҳо аз сар гирифта шавад. Музокироти дуҷониба таҳти сарпарастии Иёлоти Муттаҳида дар соли 2010 ба иллати густариши шаҳракҳои яҳудинишин дар заминҳои ишғолшудаи фаластинӣ қатъ гашта буд.

Вазорати маскани Исроил мегӯяд, тибқи тарҳи нав, қарор аст, 1187 манзили нав сохта шавад. Аз инҳо 800 манзил дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва наздик ба 400 манзили дигар дар чанд шаҳрак барои муҳоҷирони яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ сохта хоҳанд шуд.

Тасмими Вазорати маскани Исроил хашми мақомоти фаластиниро ба бор овардааст. Онҳо дар ду соли охир борҳо гуфтаанд, музокироти сулҳро бо Исроил танҳо дар сурате аз сар хоҳанд гирифт, ки мақомоти исроилӣ ҳама гуна сохтмонро дар қаламравҳои ишғолӣ бас кунанд.

Музокиракунандаи аршади фаластиниҳо Соиб Ареқот гуфт, бо тасмими идомаи шаҳраксозӣ Исроил ба раванди сулҳ зарба мезанад. Аммо ӯ афзуд, фаластиниҳо мутақоиданд, ки ба талошҳои сулҳ “ҳама гуна имкониятҳои сазовор”-ро бидиҳанд.

Дар шаҳракҳое, ки Исроил баъд аз ишғоли қаламрави фаластиниҳо аз соли 1967 ба ин сӯ сохтааст, зиёда аз ним миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Бахши аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ ин шаҳракҳоро ғайриқонунӣ мешуморад.

Фаластиниҳо мехоҳанд, дар ивази сулҳ заминҳои худро дар Соҳили ғарбии рӯди Урдун, шарқи Байтулмуқаддас ва Навори Ғаза баргардонанд ва онҳоро ба қаламрави давлати ояндаи худ табдил диҳанд.

Вазири дифои Исроил Моше Аялон рӯзи якшанбе ба ҷаласаи ҳукумат сарварӣ кард, зеро сарвазир Бенямин Нетаняҳу пас аз ҷарроҳии грижа бо муолиҷа машғул аст.
XS
SM
MD
LG