Пайвандҳои дастрасӣ

Нооромӣ дар Кашмир


Ҳиндустон бо куштори як покистонии мулкӣ дар Кашмир муттаҳам мешавад. Низомиёни Покистон мегӯянд, рӯзи душанбе нерӯҳои Ҳиндустон ба тарафи марз, ки бо номи хатти контрол маъруф аст, оташ кушоданд.

Тибқи ахбори расида покистониҳо ҳам ба оташи онҳо ҷавоб додаанд. Вазъ дар марзи миёни Покистону Ҳиндустон дар Кашмир 6-уми август баъди куштори 5 низомии ҳиндӣ муташанниҷ шуд.

Ҳиндустон низомиёни Покистонро масъули ҳамла ва куштори сарбозони ҳиндӣ номид, вале мақомоти Исломобод ин иттиҳомро рад мекунанд.

Рӯзи якшанбе дар Кашмир табодули оташ миёни нерӯҳои покистониву ҳиндӣ ба қайд гирифта шуд, ки идомаи оташбаси даҳсола дар ин минтақаро зери суол мегузорад.
XS
SM
MD
LG