Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксияи зидди маводи мухаддир дар минтақаҳои наздимарзӣ


Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз.

Дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон аксияи зидди маводи мухаддир идома дорад.

Ҳафтаи гузашта кормандони Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар чанде аз ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғду Бадахшон дар байни аҳолӣ варақаҳо паҳн карда, чорабиниҳо доир намуданд. Аз Оҷонсии назорати маводи нашъдор хабар доданд, ки имрӯз 12-уми август ин чорабинӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон идома хоҳад ёфт. Лоиҳаи мазкур аз сӯи Барномаи СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, маблағгузорӣ мешавад.

Тибқи иттилои Оҷонсии зидди маводи мухаддир, ҳафтаи гузашта кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо мақомоти Афғонистон дар мавзеъҳои марзии Дарвоз 1500 варақаи зидди маводи мухаддиро ба сокинони ду ҷониби марз, тақсим карданд.

Саъдулло Раҳматуллоев, як масъули ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳудуди бозори наздисарҳадии «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта аксияи таблиғотии зиддинашъамандӣ баргузор гардид, ки дар он комиссари сарҳадии вулусволии Дарвози Афғонистон ва дигар намояндагони мақомоти ин кишвар ширкат карданд. Дар ин аксия ҳамчунин, мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, инчунин ҳунармандони маъруф ва варзишгарони номӣ ширкат варзида, дар бораи оқибатҳои фоҷеабори истеъмоли нашъа дар назди ҳозирин баромад намуданд.

Дар ҷараёни ин аксия 1500 варақаи таблиғотии зидди маводи мухаддир бо ҳуруфи дарии форсӣ ва кириллӣ ба мардуми деҳоти марзи муштарак тақсим карда шуд.

Оҷонсии назорати маводи мухадири дар доираи як тарҳи махсуси муштарак бо Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузории аксияҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ-ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилоят Суғд, Хатлон ва Бадахшонро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG