Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 5:1 ғалаба кард.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии дастаҳо ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 10-уми август дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд барпо гардид. Бояд гуфт, ки ин дувумин бозии «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Олег Ширинбеков ба шумор мерафт.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар ин бозӣ ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол”, се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигари “Истиқлол”-ро ҳамлагар Виллер Соуза Оливейра, легионер аз Бразилия, ба ҳадаф расонд. Як голи «Хуҷанд»-ро нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиев зад.

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол» дар бозии аввали санҷишӣ дар Қайроққум бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд. Голҳоро Глаубер Да Силва, легионер аз Бразилия ва Ҳусейни Сӯҳробӣ ба самар расонданд.

Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:1
Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 5 (1:0). Ҷамолиддин Зардиев, 9 (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 33 (2:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 64 (3:1). Виллер Соуза Оливейра, 72 (4:1). Виллер Соуза Оливейра, 76 (5:1).

«Истиқлол»: Никола Стошич, Бенҷамин Ауко, Глаубер Да Силва, Аҳтам Назаров, Самандари Хайриддин, Гулзор Бутабеков, Ромиш Ҷалилов, Виллер Соуза Оливейра, Александр Кудряшов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Вайсиддин Сафаров, 68), Ҳусейни Сӯҳробӣ (Сиёвуш Мӯҳсинов, 74).

«Хуҷанд»: Муъмин Гадойбоев, Соҳиб Ҳакимов, Сергей Абрамов, Руслан Кузнетсов (Шӯҳрат Умаров, 40), Манучеҳр Аҳмадов, Бенҷамин Аманква (Маҳмадалӣ Содиқов, 46), Анвар Норқулов (Амир Ҳамидов, 75), Ҷамолиддин Зардиев, Ҷаҳонгир Алиев (Ҷамолиддин Султонов, 70), Юсуф Рабиев (Дилшод Каримов, 68), Ҷомихон Муҳиддинов (Ҷумъабой Каримов, 68).

Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

10-уми август. Қайроққум. Варзишгоҳи Бонки миллӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG