Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакил рабуда шудааст ё ба Туркия сафар кард?


Парлумони Афғонистон.

Парлумони Афғонистон.

Мақомот мегӯянд, Фиребо Аҳмадӣ Кокар, намояндаи Қандаҳор дар парлумони Афғонистон ҳамроҳ бо фарзандонаш рабуда шудааст, вале ҳамсари ӯ ин хабарро такзиб кард.

Муҳаммад Довуд, шавҳари хонум Фиребо Аҳмадӣ гуфтааст, ки ҳамсараш ба Туркия сафар кардааст.

Бо ин ҳол, раиси маҷлиси маҳаллии вилояти Қандаҳор гуфтаҳои ҳамсари ин намояндаро рад кард ва гуфт, ки хонум Аҳмадӣ, рӯзи шанбе ба ҳамроҳии чаҳор фарзандаш, ронандааш ва як нафари дигар, дар роҳи Қандаҳор ба сӯи Кобул, дар Ғазнӣ аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудаанд.

Манбаъ иддао кардааст, ки ин вакилзан аз сӯи Толибон рабуда шудааст. Аммо Толибон то кунун дар мавриди ин ҳодиса чизе нагуфтаанд. Вазорати умури дохилии Афғонистон низ то ба ҳол ба таври расмӣ ин хабарро таъйид накардааст

Фиребо Аҳмадӣ, вакили шаҳри Қандаҳор дар палатаи поёнии порлумони Афғонистон буд. Мақомоти расмии шаҳр хабари мазкурро таъйид карданд.То кунун ҳеҷ кас ё гуруҳе масъули ин амалро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG