Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидор бо муҳоҷирони тоҷик дар Голяново


Дар урдӯгоҳи Голяново танҳо се муҳоҷири тоҷик боқӣ мондаанд.
Дар урдӯгоҳи Голяново танҳо се муҳоҷири тоҷик боқӣ мондаанд.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, дар урдӯгоҳи бадноми Голяново дар Маскав танҳо 3 муҳоҷири тоҷик боқӣ мондааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз миёни 10 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдӯгоҳи муваққатӣ барои муҳоҷирон нигаҳ дошта мешуданд, 7 нафари онҳоро ба боздоштгоҳи махсуси Маскав барои хориҷиён интиқол додаанд. Муҳамади Эгамзод, намояндаи расмии сафорат рӯзи якшанбе бо нашри баёнияе гуфт, ки қабл аз интиқоли онҳо, бо ин муҳоҷирон мулоқот карда ва шарту шароити бозгардониданашон ба Тоҷикистонро фаҳмондааст.

Бар асоси муқаррароти Русия то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ин кишвар 10 рӯз тӯл мекашад, зеро дар ин муддат бояд расмиёт иҷро ва ҳукми додгоҳ содир шавад. Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, шаҳрвандони Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки худашон муқаррароти кору иқомат дар Русияро риоят накардаанд, сабти расмӣ надоштаанд ва бе иҷоза кор мекарданд. Айни замон онҳо умедворанд, ки мақомоти Русия танҳо бо ҷарима ба онҳо иҷоза медиҳанд, ки дар ин кишвар бимонанд ва кори худро идома диҳанд. Дар сурати депортатсия ва ё рондани ин шаҳрвандони Тоҷикистон онҳо ҳақ надоранд, то 5 соли дигар вориди Русия бишаванд.

Ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи раёсати умури дохили шаҳри Маскав барои хориҷиён нигаҳ дошта мешаванд, инҳо ҳастанд:

Нусратулло Ризвоншоев 42-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ.
Акбар Валиеви 51-сола сокини ноҳияи Муминобод,
Абдуҳалим Ҳусайнови 38-сола, сокини шаҳри Кулоб
Мирсаид Ганҷалов, 23-сола, сокини ноҳияи Носири Хусрав
Абдураҳмон Назаров, сокини 51-солаи ноҳияи Қумсангир
Бахталӣ Қувватов,сокини 22-солаи ноҳияи Ёвон
Ҷаҳонгир Раҳимов, сокини 22 солаи шаҳри Кулоб.


То кунун дар урдӯгоҳи Голяновои Маскав се шаҳрванди дигари Тоҷикистон Исмоил Нурбеков, Самадов Ҷ. А ва Баҳромов Ф то замони анҷоми расмиёти сабти аснодашон мемонанд. Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, бо вазъи муҳоҷирон дар урдӯгоҳ ошно шудаанд ва ҳеҷ яке аз онҳо аз сиҳатии худ шикоят надоранд ва ягона хоҳишашон бозгашти ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон аст.

Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба муҳоҷирони гирифтори тоҷик, маводи заруриёти аввалия ва пойафзору, ғизо додааст. Дипломати тоҷик мегӯяд, қарор аст, рӯзи сешанбе намояндагони сафорат барои мусоидат дар муаяйн кардани сарнавишти муҳоҷирони тоҷик ва бозгардонидани ҳарчӣ зудтари онҳо ба ватан, ба Боздоштгоҳи раёсати умури дохилии шаҳри Маскав барои шаҳрвандони хориҷӣ бираванд.

Мақомоти Русия ки чанде пеш маъракаи густурдаеро бо номи «поксози Маскав аз унсурҳои ҷиноӣ» шурӯъ карданд, садҳо муҳоҷирро боздошт кард ва барои онҳо урдӯгоҳи махсусе дар маҳаллаи Голяново дуруст карданд. Дар ин урдӯгоҳ ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон 300 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун нигаҳ дошта мешаванд. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, саъй дорад, то дар тарки ин урдӯгоҳ ва боздоштгоҳ барои хориҷиён дар Маскав ва ба ватан бозгаштани шаҳрвандони кишвар ба онҳо кӯмак кунад.

Хонуми тоҷик маҷбур карданд, ҳамсару писарашро гузошта ба ватан баргардад.
Хонуми тоҷик маҷбур карданд, ҳамсару писарашро гузошта ба ватан баргардад.
Аз ин пештар як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз аъзои хонаводааш дар Русия ҷудо карда ва ба Тоҷикистон бозпас фиристодаанд. Раёсати додрасҳои минтақаи Забайкалйе дар баёнияи расмие гуфтааст, ин занро ба далели надоштани ҳаққи иқомат аз шаҳри Чита ронданд ва акнун ӯ дигар ҳақ надорад, то 5 соли дигар ба назди хонаводааш баргардад. Духтари хонавода ҳам, ки барои таътил ба Тоҷикистон омадааст, дигар наметавонад, ба Русия баргардад ва маҷбур аст, таҳсилро дар зодгоҳаш идома диҳад. Ҳарчанд исми шаҳрванди Тоҷикистонро зикр накардаанд, аммо акси ӯ дар торнамои раёсати додрасҳои минтақаи Забайкалйе нашр шудааст. Дар Русия ахиран маъракаи густурдае алайҳи муҳоҷиронро ба роҳ андохтанд ва ҳазорон нафарро ҳам боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG