Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафоратҳои Амрико дар Ховари Миёна боз мешаванд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико теъдоде аз сафоратхонаҳояш дар Ховари Миёна ва Африқоро боз кард, ки ҳафтае пеш бинобар мулоҳизоти амниятӣ баста шуданд. Аз ҷумла сафоратҳои Амрико дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Абу Дабӣ, Либия ва консулгарии Амрико дар Дубай рӯзи якшанбе дигарбора ба кор шурӯъ карданд. Бақияи намояндагиҳои дипломатӣ ҳафтаи оянда боз мешаванд. Амрико 19 намояндагиаш дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқоро рӯзи чаҳоруми август баст, зеро ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ҳушдор гирифтаанд, ки эҳтимол дорад, Ал-Қоида ва шариконаш амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Аз ҷумла дастури Айман ал-Завоҳирӣ раҳбари Ал-Қоидаро маълум кардаанд, ки аъзои созмон дар Яман ва нимҷазираи Араб дастури ҳамалот додааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, ба истиснои сафорат дар Яман дигар тамоми намояндагиҳои дипломатии кишвар боз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG