Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил шаҳракҳои яҳудинишинро васеътар мекунад


Давлати Исроил мегӯяд, дар сарзаминҳои ишғолии Канораи Ғарб ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ 1000 хонаи нав хоҳад сохт. Эълон дар ин бора дар остонаи даври дуввуми музокироти мустақими сулҳ миёни Исроил ва Фаластиниён садо дод, ки қарор аст се рӯз баъд дар Байтулмуқаддас баргузор шавад. Маҳз идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин аз тарафи Исроил соли 2010 сабаби қатъи музокироти сулҳ шуд. Баъди се соли таввақуф тарафҳои муноқиша бо миёнҷигарии Амрико моҳе пеш музокиротро аз сар гирифтанд. Фаластиниҳо дер боз таъкид доштанд, ки то замони муттавақиф нашудани шаҳраксозиҳо, музокиротро аз сар намегиранд. Баъди ризоияти Исроил барои раҳоии 100 фаластинӣ аз зиндонҳо, музокирот аз сар гирифта шуд. Исроил баъди ишғоли сарзаминҳои фаластиниён дар соли 1967 то кунун дар Канораи Ғарб ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ даҳҳо шаҳрак сохтааст, ки дар онҳо 500 ҳазор нафар сукунат доранд.
XS
SM
MD
LG