Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимбабве мегӯяд, бо Эрон қарордод набастааст


Мақомоти Зимбабве, гузоришҳо роҷеъ ба имзои қарордоди махфии фурӯши ураниум ба Эронро рад карданд. Вазорати маъдани Зимбабве бо нашри баёнияе, мақолаи рӯзномаи бритониёии «Таймс» дар ин заминаро «бадандешӣ ва дурӯғи маҳз» номид. Рӯзномаи мазкур мегӯяд, Гифт Чиманикире, муовини вазири маъдани Зимбабве, қарордоди махфӣ бо Эронро бо чашмони хеш дидааст. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқим Эрон соли 2010 ба Зимбабве сафар кард ва раиси ҷумҳур Роберт Мугабе ҳам аз ҳаққи Эрон барои пешбурди барномаҳои атомиаш ҳимоят кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон ба хотири сохтани бомби атомӣ ба ғанисозии уран машғул аст, аммо Эрон ин иддаъоҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG