Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Арабистони Саудӣ мехоҳад Башор Асадро сарнагун кунад?


Пӯшида нест, ки Арабистони Саудӣ мехоҳад, Башор Асадро аз қудрат барканор кунад. Аммо ин возеҳ нест, ки Арабистони Саудӣ барои расидан ба ин ҳадаф то чӣ ҳад аз сарвати худ истифода хоҳад кард?

Яке аз гомҳо дар ин росто рӯзи 31 июл дар мулоқоти Шоҳзода Бандар бин Султон, раиси Идораи Истихбороти Арабистони Саудӣ, бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Маскав бардошта шуд. Ҷузъиёти ин мулоқот ҳанӯз маълум нест, аммо гурӯҳҳои мухолифони давлати Сурия, ки бо Арабистони Саудӣ наздиканд, мегӯянд, давлати Саудӣ ба мақомоти Русия гуфтааст, агар аз ҳимояти Сурия дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даст бикашад, ба арзиши 15 миллиард доллар аз Русия аслиҳа хоҳанд харид.

Ҳамзамон бо ин шоҳзодаи Саудӣ ба Русия итминон додааст, ки ҳеҷ кишвари нимаҷазираи Араб ба Аврупо, муштарии аслии Русия газ содир нахоҳад кард, то содироти гази Русия кам нашавад. Аммо зоҳиран Русия ба ин пешниҳод алоқа нишон надодааст ва мақомоти Русия гуфтаанд, ки чунин пешниҳоде сурат нагирифтааст ва сӯҳбат бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ бештар “ҷанбаҳои фалсафӣ” доштааст. Сарфи назар аз онки мӯҳтавои гуфтугӯҳои Маскав чӣ буда, ин мавзӯъ возеҳ аст, ки Арабистони Саудӣ бӯҳрони Сурияро дар садри дастури сиёсати хориҷи худ қарор додааст.

Раҳбари Идораи Истихбороти Арабистони Саудӣ Бандар бин Султон зимни мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.
Раҳбари Идораи Истихбороти Арабистони Саудӣ Бандар бин Султон зимни мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.
Волкер Пертес аз Пажӯҳишгоҳи Умури Амниятӣ ва Байналмилалӣ дар Берлин дар ин бора мегӯяд: “Тақрибан аз моҳи июн ва июли соли равон, онҳо раҳбарии таъмини молии шӯришиёни Сурияро бар дӯш гирифтанд ва то ҳадде тасмим мегиранд, ки киҳо раҳбарии мухолифинро бар ӯҳда дошта бошанд. Ва ҳар рӯз пули бештарро барои хариди аслиҳа ва афзоиши муҳимоти ҷангии мухолифони давлати Сурия сарозер мекунанд ва ҳамчунин кӯшиш мекунанд, ки аз нигоҳи дипломатӣ дар Ғарб ва Русия фаъолтар шаванд.”

Ба гуфтаи Пертес, сабаби саъйи Арабистони Саудӣ барои сарнагун кардани Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ин аст, ки Риёз метарсад, бо афзоиши нуфузи Эрон дар минтақа, ин кишвар яккатозиро дар Ховари Миёна шурӯъ хоҳад кард. Сурияву Ироқ як пули иртиботии Эрон бо Лубнон мешаванд ва ба ин тартиб созмони «Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон бар сиёсатмадорони сунние, ки Арабистони Саудӣ кӯмак мекунанд, баранда хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар Арабистони Саудӣ бим дорад, ки бо идомаи бӯҳрони Сурия, ҷангҳои фирқаӣ ба дигар кишварҳои минтақа низ сироят хоҳад кард. Ва агар муноқишаҳо ба шоҳигарии Урдун сироят кунад, ба назари таҳлилгарон, мамлакати Арабистони Саудӣ ҳам дар ниҳоят ба хатар дучор хоҳад шуд. Аз бӯҳрони Сурия, ки моҳи марти соли 2011 оғоз шуд, дувуним сол мегузарад ва дар ин ҷанг то кунун ба гуфтаи Созмони Милал бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шудаанд ва 1 миллиону 700 ҳазор нафар ба кишварҳои дигар фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG