Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии байналмилалии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Ҳиндустонро ҳакамони тоҷик доварӣ мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон кумитаи доварону нозирони ФФТ гурӯҳи доварони бозии байналмилалии дӯстонаро миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки рӯзи чоршанбеи 14-уми август, соати 17 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд шурӯъ мешавад, таъин кард.

Довари FIFA Хуршед Дадобоеви 32-сола аз шаҳри Хуҷанд сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа ва Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши довари FIFA Равшан Ишматов аз Қӯрғонтеппа вогузор шудааст. Абдураҳим Бобоев аз шаҳри Турсунзода, раиси кумитаи доварону нозирони ФФТ, ба кори доварон назорат мекунад.


Ёдовар мешавем, Хуршед Дадобоев бозии байналмилалии дӯстонаро миёни тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Афғонистон, ки рӯзи 4-уми июни соли равон дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуда, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:2 хотима ёфта буд, доварӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG