Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманҳо рӯзи харбузаро таҷлил мекунанд


Дар Туркманистон “Рӯзи харбуза” –ро таҷлил мекунанд. Аз соли 1994 ба ин сӯ, дуввумин якшанбеи моҳи август дар Туркманистон ба унвони “Рӯзи харбуза” таҷлил мешавад. Дар Туркманистон бо харбузаҳои ширин гуногунавъашон ифтихор карда ва онро як бахше аз фарҳангу таърихи кишвар медонанд. Дар ин рӯз дар саросари Туркманистон намоишгоҳҳои харбузаву маросимҳои идона баргузор мешаванд. Харбузаҳои Туркманистон аз қадим шӯҳрат доштаанд ва аз ҷумла дар хотираҳои саёҳи асримиёнагии араб Ибн Батута ва Муҳаммад Бобур шоҳи темуриён зикр шудаанд. Кишоварзони Туркманистон мегӯянд, аз миёни 1600 навъи харбуза дар ҷаҳон 400 тои он нахуст дар кишвари он парвариш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG